Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қарор дар бораи тамдид кардани муҳлати сабти симкортҳоро бо шиносномаи намунаи соли 2014 имзо кардааст.

Дар қарори ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст, дида мешавад, ки тағйирот дар қарорро президент рӯзи 13-уми феврал, ду рӯз пеш аз анҷоми муҳлати бақайдгирии симкортҳо  - 15-уми феврали соли 2023 имзо кардааст.

Дар қарор гуфта мешавад, ки акнун мардум то соли 2024 имкон доранд, симкортҳояшонро бо шиносномаҳои нав ба номашон сабт кунанд.

Дар бораи рӯзи муайян дар қарор чизе гуфта нашудааст.

“Дар банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 "Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он" рақами "2023" ба рақами "2024" иваз карда шавад”, - омадааст дар қарори ҳукумат аз 13 феврали соли 2023, № 35.

Қаблан дар бораи тамдиди муҳлати сабти симкортҳо бо шиносномаи намунаи соли 2014, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ, иттилоъ дода буд.

Ӯ дар посух ба суоли “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ”бо ризоияти президент муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо, барои як соли дигар дароз карда шуд”.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи кишвар, то моҳи январи соли 2023 2 млн симкорт марҳилаи азнавбақайдгириро нагузаштаанд, ки аз ин шумора, беш аз 880 ҳазори он симкорти фаъол аст.

Азнавбақайдгирии симкортҳо моҳи феврали соли 2019 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳатмӣ гардид. Операторҳои алоқаи мобилии кишвар уҳдадор гардиданд, ки то 15-уми августи ҳамон сол симкортҳои муштариёнро бо шиносномаҳои коғазии намунаи соли 1999 бо кортҳои идентификатсионӣ (ID-шиносномаҳо)-и намунаи соли 2014 дубора ба қайд гирад. Дар ҳамин ҳол, меъёр ҷорӣ шуда буд: бо як шиноснома на зиёдтар аз ду симкорт сабти ном мешавад.

Лекин мақомот базудӣ фаҳмиданд, ки ивази шиноснома ва дубора сабти ном кардани ин миқдор муштариён дар муҳлати кӯтоҳ ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, муҳлати сабти дубора то 15 феврали соли 2020 дароз карда шуд. Аммо ним соли иловагӣ ва он ҳам дар шароити пандемияи коронавирус ҳеҷ натиҷаи дилхоҳ надод. Ба ҳукумат лозим омад, ки муҳлати сабти дубораро боз то 15 феврали соли 2022 дароз кунад.

Вале ин муҳлат ҳам кифоя накард ва то моҳи феврали соли гузашта беш аз 2 млн симкорт дубора сабти ном нашудаанд. 3 рӯз пеш аз анҷоми муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои нав бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2022 муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо маротибаи сеюм то 15 феврали соли 2023 тамдид шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.