Имсол Наврӯзи сатҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад ва дар ин чорабинӣ ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Дар ин бора аз вазорати фарҳанги кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, чорабинии тантанавӣ дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, иштироки зиёиён, фарҳангиён ва сарояндагони номдори тоҷик дар назар аст.
“Дар ҷашни Наврӯз ширкати меҳмонони хориҷӣ ҳам пешбинӣ шудааст. Дар вилояти Суғд кумитаи таҷлили ҷашни Наврӯз таъсис ёфтааст”, - гуфтанд дар вазорат.
Аммо дар Вазорати фарҳанг дақиқ нагуфтанд, ки Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд кадом рӯз таҷлил карда мешавад.
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд мусобиқаи аспдавонӣ, бузкашӣ, ҷашнвораҳои “Сайри гули лола” ва “Маликаи баҳор” пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, соли гузашта чорабиниҳои асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон баргузор шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки Наврӯз аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёӣ маҳсуб ёфта, он соли 2010 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалиро гирифт.
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Вазири энергетика 5 шарти расидан ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" дар соли 2027-ро гуфт
“Асоси воқеӣ надорад”. Вазири маорифи Тоҷикистон ба вакили Думаи давлатии Русия посух дод
Муаррифии китобҳои насли нав. Аз китобҳои оддӣ чӣ тафовут доранд ва нархашон чанд аст?
Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист иддао доранд, ки соли гузашта ҳаво тозатар шудааст
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла карда буд, ба “ифротгароӣ” муттаҳам мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста