Дар остонаи Иди Қурбон шаҳрдории Душанбе ҷойҳои махсусро барои забҳи чорво муақаррар кард. Чунин ҷойҳо дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳр ҳастанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт.
Забҳи чорво дар рӯзи Иди Қурбон дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаи Бадахшон-2 ва кӯчаи Шукуҳӣ 44 мумкин аст. Ҳамчунин дар ин ноҳия ҷойҳои зерин барои забҳи чорво муайян шудаанд: маҳаллаи Ховарон - дар Теппаи Шарқӣ (минтақаи 7), маҳаллаи Чиноро-1 дар кӯчаи Назаршоев, 374, бозори “Ховарон” дар кӯчаи Айнӣ, 259 (7 км), маҳаллаҳои Фалакон, Қӯштеппа, Яккатут ва Чилмеҳроб.
Куштани чорво дар ноҳияи Фирдавсӣ мумкин аст: дар кӯчаи Қаҳҳоров (назди фабрикаи “Шири Саодат”), дар маҳаллаи Гулбутта, микрорайонҳои 42 (кӯч. Мир Алӣ, 116), 62 (кӯч. Борбад, 64, назди МС «Ганҷ»), 63 (кӯч. Фирдавсӣ, 99), 64 (кӯч. Фирдавсӣ, 35), дар маҳаллаи Чимтеппа.
Тибқи анъана, дар Иди Қурбон гӯсфанд, шутур ё гов қурбонӣ шуда метавонанд. Дар баробари ин донистан лозим аст, ки чорвои қурбонӣ пеш аз ҳама барои садақа, зиёфат додан ба наздикону дӯстон пешбинӣ шудааст. Сеяки чорвои қурбонӣ бояд ба камбағалон ё ятимхонаҳо ва сеяки дуюм - ба меҳмонону хешовандон тақсим карда шуда, сеяки боқимонда дар оила боқӣ гузошта шавад.
Дар ноҳияи Сино ба забҳи чорво иҷоза дода шудааст: дар маҳаллаи Пахтакор (Пахтакор, 70), Борбад (кӯч. Тургенева, 29), дар Роҳи нав (кӯч. Р.Набиев, 292/2), Қарамиршикор (кӯч.Лермонтов, 466), Ҳаёти нав, 74 ва 313, Лучоби Боло, 82, Арғувон (кӯч. Шодоб, 153), дар Камонгарон (кӯч. Ҳувайдуллоев, 252), Ҳисорак, Панҷрӯд, 125, Навободи боло, 79, Ҳамадонӣ, Деҳи боло, 222, Испечак 1 (каме дуртар аз сафоратхонаи ИМА дар ҶТ).
Мувофиқи рӯйхат, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои забҳи чорво ҷойҳо пешбинӣ нашудааст. Ягона ҷойе, ки солҳои пешин аз он истифода мебурданд, дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ назди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 (ТЭЦ-2) воқеъ буд. Он ҳозир аз байн бардошта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он расман хабар дода шуд, ки Иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 28 июн таҷлил гардида, намози ид дар ҳамаи масҷидҳои кишвар соати 6:00 таъин шудааст.
Қобили зикр аст, ки аз соли 2007 то 2017, дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар пойтахт забҳи чорво қатъиян манъ буд. Аз соли 2017, шаҳрдори нави Душанбе Рустами Эмомалӣ дар дар ҷойҳои махсус ҷудошуда дар шаҳр ба қурбонии чорво иҷоза дод.