Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷиикистон қазияҳои пурсарусадои рабуда ва кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” ва як омӯзгори донишгоҳро аз сӯи кормандони пешин ва феълии ВКД шарҳ дод ва гуфт, яке аз мансабаш сӯистифода накардаву дар қазияи дуввум, ду корманди собиқ, ки ҳанӯз соли 2013 аз мақомот озод шуда буданд, фаъолона ширкат доштанд.
Ӯ, ки имрӯз, 11-уми август дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, дар қазияи рабуда ва кушта шудлани Шуҳрат Исматуллоев гуфт, аз тарафи ҷинояткороне, ки аллакай дастгир шудаанд рабуда ва баъдан ба қатл раоснидани Шуҳрат Исматуллоев пурра исбот гардид.
Номбурда гуфт, чанде аз аъзоёни гурӯҳи ҷиноятӣ дастгир шуда, чандеи дигар дар хориҷи кишвар паноҳ бурдаанд, ки барои боздошту ба кишвар оваадани онҳо чораҷӯӣ идома дорад.
Вазири корҳои дохилӣ тасдиқ намуд, ки ду нафар кормандони пешини ВКД, ки солии 2013 барои қонунвайронкунӣ аз мақомот озод шуда буданд, дар ин ҷиноят фаъолона ширкат доштанд.
Рамазон Раҳимзода паноҳ бурдани Дилшод Саидмуродов муқаллаб бо “Дилшоди красавчик ё СБ”, ки гуфта мешавад сардори гурӯҳи ҷиноятӣ дар рабуда ва куштани муовини “Ориёнбонк” ва яке аз кормандони пешини ВКД аст, рад кард ва гуфт, Дилшод Саидмуродов ва ҳамтоёни ӯ дар куҷое набошанд, дар кадом созмоне ворид навашанд, дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ, онҳоро дастгир мекунанд.
Бояд гуфт, ки Дилшод Саидмуродовро мақомоти Тоҷикистон саркардаи гуруҳи ҷиноие медонанд, ки Шуҳрат Исмадуллоевро рабудаанд. Ба қавли мақомот, ӯ гуруҳи ҷиноиро роҳбарӣ карда, пас аз рабудану ба қатл расонидани бонкир ба Русия фирор кардааст.
Вақтҳои охир дар расонаҳо хабарҳое нашр гардиданд, ки гӯё Дилшод Саидмуродов пас аз фирор ба ҳайати “Вагнер” пайваста, талош дорад “баталйони тоҷикӣ” таъсис диҳад.
Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иборат аз 10 нафар дуздида, то соати 03:00, бо истифода аз электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа карда, ба қатл расонидаанд.
Гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, баъди рабудан, шиканҷа ва куштор, ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ва автомашинаашро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.
Ҷинояткорон 25 июн ба Туркия ва 30 июн ба Молдова фирор намудаанд.
Рӯзи 7-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои гуфтугӯи Рустам Ашӯров, яке аз гумонбарони рабуда ва куштани Исматуллоев бо модараш нашр шуд, ки дар он ӯ ба рабудан ва куштани одам иқрор мешавад.
Рустам Ашуров дар навор мегӯяд, ки “Шуҳрат Исматуллоевро барои биткоин (пули электронӣ) дуздиданд ва баъди шиканҷа ва ба ҳалокат расидани ӯ, ҷасадро ба дарёи Варзоб партофтаанд”.
Додситони кул рӯзи 7-уми август хабар дод, ки Бахтовар Сафаров, як гумонбари дигар дар рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Ин ниҳод гуфтааст, то ҳол дар доираи тафтишот шахсияти роҳбар ва 15 аъзои гуруҳи муташаккил муайян карда шуда, 13 нафари онҳо дастгир ва ба ҳабс гирифта шудаанд.
Рамазон Раҳимзода қазияи пурсарусадои рабуда ва куштани Исмоилҷон Раҳмонов, муаллими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз сӯи Акмал Юсуфзода, ёвари сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД, маъруф ба “УБОП”-ро шарҳ дод.
Ӯ тасдиқ кард, ки Юсуфзода корманди ВКД буд, “аз ваколатҳои мансабӣ сӯйистифода накардааст ва ҳодиса дар пайи муноқишаи оилавӣ ба миён омадааст”.
Вазир аз ироаи бештари маълумот худдорӣ кард ва ваъда дод, ки пас аз анҷоми тафтишот, тавзеҳи бештар хоҳад дод.
Бояд гуфт, ки ба итттилои Додситонии кулли кишвар Исмоилҷон Раҳмонов, муаллими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ду моҳ пештар аз сӯйи Акмал Юсуфзода, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва як ҳаммаслаки ӯ, ки гуфта мешавад, хешу табораш аст, рабуда, ба дарё партофта шудааст. Ҷасади муаллим то ҳол пайдо нашудааст.
Акмал Юсуфзода ва ҳамроҳи ӯ боздошт шудаанд.
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста