Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шиносоӣ бо вазъи алоқаву интернет ва беҳбуд бахшидани сифати он ба вилояти Хатлон сафар карда, бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ мулоқот намудааст.
Ба иттилои сомонаи расмии Хадамоти алоқа, ин сафар дирӯз, 10-уми декабр, ҷараён гирифта, ҳадафи аслии он шиносоӣ бо рафти корҳои амалӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидани сифати алоқа ва хизматрасониҳои интернет, татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва машварату вазифагузорӣ барои бартараф намудани мушкилоти соҳа будааст.
Зимни ин сафар Бег Сабур ҳамчунин бо намояндагони ширкатҳои мобилии кишвар низ мулоқот кардааст.
Аз ҷумла, дар мулоқот бо Маҷид Сайтасанов, директори минтақавии ширкати “Мегафон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон таҷдиди пойгоҳҳои алоқаи мобилӣ баррасӣ гардидааст.
““Мегафон Тоҷикистон” ба модернизатсияи ширкат дар вилояти Хатлон шурӯъ карда, дар назар аст тамоми базаҳои ақолаи мобилӣ дар ин вилоятро навсозӣ намояд”, - омадааст дар хабари Хадамоти алоқа.
Манбаъ меафзояд, то ба ҳол чандин пойгоҳи ин ширкат дар ҷануби кишвар навсозӣ гардидааст.
Бояд гуфт, ки мавҷи алоқаи мобилӣ ва интернет натанҳо дар вилояти Хатлон, балки дар тамоми кишвар борҳо аз ҷониби муштариён интиқод шудааст.
Сокинони аксари манотиқи кишвар пайваста аз суръати пасту нархи гарони алоқа ва интернети ширкатҳои мобилӣ шикоят мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, қариб як моҳи пеш Хадамоти алоқа ба ширкатҳои Tcell ва Мегафон Тоҷикистон (ҶСП “ТТ Мобайл” ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон”) расман иҷоза дод, ки онҳо ба кишвар хатти интернет ворид кунанд.
Тайи ду моҳи охир Бег Сабур бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ барои беҳтар кардани нарх ва сифати интернет дар кишвар ҳаддиақал панҷ вохӯрӣ анҷом дод.
Қабалан, ӯ супориш дода буд, ки минтақаҳои беинтернети кишварро маълум карда, барои таъмини он бо интернети баландсуръат чораҷӯӣ намоянд.
Пас аз як ҳафтаи ин мулоқот Бег Сабур аз ниҳодҳои қудратии кишвар хост, иҷрои дастурҳои раисҷумҳурро назорат кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи охирини худ аз нарху сифати интернет дар кишвар танқид карда, аз масъулин талаб карда буд, ки онро беҳтар кунанд. Роҳбарияти Хадамоти алоқа ҳама дидору мулоқотҳои худро ба ин дастури сарвари давлат рабт медиҳанд.




“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста