Бар зидди Оҷонсии хабарии “24.kg” барои таблиғи ҷанг парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, мақомоти қудратии Қирғизистон Асел Отурбаева, директори генералӣ ва Маҳинур Ниёзова, сармуҳаррири Оҷонсии хабарии “24.kg”-ро бо худ бурдаанд. Дар ин бора хабаргузории “24.kg”- хабар медиҳад.
Манбаъ бо такя ба маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон навиштааст, ки бар зидди ин расона бо моддаи 407 (Таблиғи ҷанг) Кодекси ҷиноятии Қирғизистон првандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
“То ҳол маълум нест, ки кадом маводи нашрия мавриди тафтиш қарор дорад”, - омадааст дар хабари “24.kg”.
Субҳи имрӯз, 15-уми январ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон барои кофтуков ба идораи хабаргузорӣ омаданд. Вакилони дифои ин расонаро барои ширкат дар кофтуков роҳ надоданд.
Онҳо дар аввал шаҳр надодаанд, ки кофтуков дар асоси кадом парванда сурат мегирад.
Яке аз вакилони дифоъи хабаргузорӣ дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки чунин кофтуков дар доираи парвандаи ҷиноятӣ оғоз мешавад. Вале гуфт, онҳоро ба кофтуков роҳ надоданд, аз ин рӯ намедонад, ки идораи хабаргузорӣ дар доираи кадом парвандаи ҷиноятӣ кофтуков мешавад.
Баъди зуҳри имрӯз, мақомоти қудратӣ дари идораи хабаргузориро муҳр зада, компютерҳои кории онро бо худ бурдаанд.
Ҳамчунин, Асел Отурбаева, директори генералӣ ва Маҳинур Ниёзова, сармуҳаррири Оҷонсии хабарии “24.kg”-ро ҳам бо худ бурдаанд ва эҳтимол аст, онҳоро бозпурсӣ кунанд. Гуфта мешавад, ки онҳоро кормандони КДАМ-и Қирғизистон бо худ бурдаанд.
Маҳинур Ниёзова дар дохили нақлиёти мақомоти қудратӣ ба журналистон гуфтааст, ки парвандаи ҷиноятӣ дар доираи нашри як мақола дар бораи ҷанги Украина боз шудаст.
24.kg яке хабаргузҳориҳои интернетӣ дар Қирғизистон аст, ки соли 2006 таъсис ёфтааст. Директори генералии агентии иттилоотӣ Асел Оторбоева мебошад.



Хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ
“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста