Дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон дурбинҳои “Шаҳри бехатар” насб мешаванд. Дар ин бора Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, сухангӯи раиси вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ёддошти ҳамкорӣ оид ба амалӣ намудани лоиҳаи “Шаҳри бехатар” ба маблағи 9 - 18 миллион доллар байни ҳукумати шаҳри Бохтар ва шарикони рушд бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба тасвиб расидааст.
“Шартномаи мазкур барои ҷорӣ намудани назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр пешбинӣ шудааст”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Як манбаъ аз ҳукумати ин шарҳ ба “Азия-Плюс” гуфт, барои роҳандозии ин лоиҳа як ширкати қазоқистонӣ масъул гардидааст, аммо аз зикри номи ширкат худдорӣ намуд. Танҳо гуфт, “ин ширкат алакай дар чанде аз шаҳрҳои бузурги Ӯзбекистон чунин лоиҳаро роҳандозӣ кардааст”.
Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки имрӯз масъулин корҳои харитакашии “Шаҳри бехатар”-ро оғоз мекунанд, вале рӯзи дақиқи оғози ин лоиҳа мушаххас нест.
“Дар кадом кӯчаву хиёбонҳои шаҳр чанд дурбин насб карда мешавад, мушаххас шуда истодааст ва пас аз анҷом ва тасдиқи харита насби дурбинҳо оғоз мешаванд”, - гуфт раиси шаҳри Бохтар.
Яке аз навгониҳои лоиҳаро манбаъи “Азия-Плюс” ба имкони симошиносии он рабт дод. Ӯ гуфт, дурбинҳои ин лоиҳа натанҳо қоидавайронкунии воситаи нақлиётро сабт мекунад, балки дар пайдо кардани ҷинояткорон низ кӯмак мерасонад.
Ӯ гуфт, ин лоиҳа ба таври санҷишӣ дар шаҳри Бохтар амалӣ мешавад ва дар сурати муваффақ будани он дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ насб мегардад.
Бояд гуфт, ки дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ҳоло дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ насб шудаанд. Дар шаҳри Хуҷанд бошад, моҳи майи соли гузашта лоиҳаи “Шаҳри бехатар” таҳия ва барои иҷрои он бо ширкати чинӣ созишнома ба имзо расида, вале то ҳол ба кор шурӯъ накардааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе низоми “Шаҳри бехатар” 31-уми октябри соли 2013 фаъол гардида, ба назорати ҳаракати нақлиёт ва ҳар гуна қоидавайронкуниву қонуншиканӣ машғул аст.
Ҳамасола, ба воситаи “Шаҳри бехатар” қоидавайронкуниву қонуншиканиҳои зиёд ошкору пешгирӣ карда мешавад.
Инчунин, ҳар сол аз ҳисоби ҷаримаи қоидавайронкунҳову қонуншиканҳо тавассути ин низом миллионҳо сомонӣ ба буҷети давлат ворид мешавад. Бархе ронандагон аз ҳолатҳои коррупсионӣ низ дар кори ин низоми назоратӣ шикоят мекунанд.
“Шаҳри бехатар” дар Душанбе чӣ гуна кор мекунад? Дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.





“Хокаи ангишт ба ҷойи ангишт”. Шикояти сокинони Суғд аз гароншавии нархи ангишт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2025
Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард
Эмомалӣ Раҳмон қонуни мақоми омӯзгорро имзо кард. Акнун шаъну шарафи омӯзгор ҳифз мешавад?
Зиёратгаҳи риндони ҷаҳон. Чашмандоз ба рӯзгору осори дилангези Ҳофизи Шерозӣ ва оромгоҳаш дар Эрон
Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷопон. Имзои қариб 20 санади нав ва даъват аз ширкатҳои ҷопонӣ барои азхудкунии конҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак
Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, гардиши молу маҳсулотро то ба $2 млрд расонанд
Ҳушдори ҳавошиносон: Се рӯзи оянда дар кишвар борону барфи пуршиддат меборад
Аввалин тоҷики фотеҳи қуллаи “Исмоили Сомонӣ”. Маҳмурод Ашӯров чаро Назирбибиро меҷӯяд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста