Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон ва яке аз ҳуқуқшиносони маъруфи тоҷик қариб як ҳафта инҷониб нопадид аст. Манобеи огоҳ ва расонаҳо аз боздошти ӯ хабар медиҳанд.
Ба иттилои манобеи “Азия-Плюс”, Шокирҷон Ҳакимов тахминан як ҳафта пеш, пас аз 12-уми июли соли 2024, аз сӯи мақомоти қудратӣ ба бозпурсӣ даъват шудаву дигар ба хона барнагаштааст.
Пайвандони Шокирҷон Ҳакимов аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд, аммо ду манбаи “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки ӯ боздошт шудааст. Вале онҳо низ дақиқ нагуфтанд, ки алайҳи Шокирҷон Ҳакимов парванда боз шудааст ё не.
Ба иттилои манобеъ, боздошти Шокирҷон Ҳакимов ба тафтиши парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” аз ҷониби Додситонии кулли кишвар боздошт гардид, рабт дорад. Инро нуктаро манобеи Радиои Озодӣ низ зикр кардаанд.
Талошҳои мо барои тасдиқи хабари боздошти Шокирҷон Ҳакимов аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бенатиҷа анҷомид. Ба занги телефонии мо ҷиҳати шарҳи хабар дар Додситонии кул талаби мактуби расмӣ карданд.
Бояд гуфт, пештар аз ин, 16-уми июл Шокирҷон Ҳакимов дар маросими ҷанозаи модараш, ки дар зодгоҳаш шаҳри Конибодом баргузор шуд, дида нашудааст.
Шокирҷон Ҳакимов 19-уми апрели соли 1966 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Шокирҷон Ҳакимов 58 сол дорад ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор мебошад.
Ӯ солҳо боз муовини раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон аст. Ҳамзамон, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки дар робита ба масоили гуногун назару андешаҳои худро иброз медорад.
Чанд сол ӯ мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байнулмилалии Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон буд.
Муаллифи зиёда аз 120 таълифоти илмӣ ва илмӣ-методӣ аст.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста