Давоми шаш моҳи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон фаъолияти 53 созмони ҷамъиятӣ қатъ гардидааст. Аз ин теъдод, 50 созмони ҷамъиятӣ бо ихтиёри худ фаъолиятро қатъ карда, 3 ташкилот бо пешниҳоди Вазорати адлия ва аз ҷониби додгоҳ аз ҳақи фаъолият маҳрум шудаанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб камтар будааст.
Илҳом Маҳмудзода, сардори раёсати бақайдгирии ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлия бо пешниҳоди ин иттилоъ гуфт, ташкилотҳои ҷамъиятии “Имкониятҳои баробар”, “Парвин” ва “Нури умеди Истаравшан” бинобар роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ бо пешниҳоди вазорат ва аз ҷониби додгоҳ аз ҳақи фаъолият маҳрум карда шуданд.
Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлия илова кард, ки яке аз камбудиҳои ҷиддие, ки ин созмонҳо роҳ додаанд, ин баромадан аз ҳадди муқаррароти оинномавӣ мебошад.
“Вақте мо ба онҳо огоҳиҳои хаттӣ додем, онҳо қонуншиканиҳои ҷойдоштаро ислоҳ накарданд. Барои ҳамин мо тибқи талаботи қонунгузорӣ ба судҳои маҳалле, ки он созмонҳои ҷамъиятӣ вуҷуд доранд, муроҷиат кардем ва тибқи ҳалномаи судҳо онҳо барҳам дода шуданд”, - изҳор дошт Ҳакимзода.
Ба қавли Илҳом Маҳмудзода, 50 созмони дигар бо ихтиёри худ ва “бинобар надоштани грант, фаъолият надоштан ва дигар камбудиҳои худи созмонҳо” қорро қатъ кардаанд.
Омори қатъи фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб камтар будааст. Дар ҳамин давраи соли 2023 дар Тоҷикистон фаъолияти 224 иттиҳодияи ҷамъиятӣ қатъ гардида буд.
Дар ҳамин ҳол, дар шаш моҳи аввали соли 2024 Вазорати адлия 48 иттиҳодияи ҷамъиятии навро ба қайд гирифтааст.
Дар умум, бино ба иттилоъи Вазорати адлия, айни ҳол дар кишвар беш 2000 созмони ҷамъиятӣ фаъолият доранд.
Дар мавриди қатъи фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва хатари он тавассути ин пайванд бештар мутолиа кунед.
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Амрико теъдоди ғолибони “Green Card-2025”-ро эълон кард. Аз Тоҷикистон чанд кас баранда шуд?
Ду нафар ҳалок шуданд. Дар бинои баландошёнае дар Душанбе 4 мард ба замин афтоданд
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста