Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар соли 2024 ҷамъбаст гардид ва 30-юми октябр дар Театри давлатии академиии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории ин озмун баргузор шуд. Дар он 570 нафар иштирок ва 132 нафар ғолиб дониста шуда, дар ҳар наминатсия ба 1 нафар ғолиби ҷойи як 35 ҳазор, 2 нафар ғолиби ҷойи ду 25 ҳазор ва се нафар ғолиби ҷойи се 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид. Омӯзгорони хонандагоне, ки ғолибият ба даст оварданд, бо мукофотпулӣ ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ ва волидони онҳо бо нишони “Маърифатпарвар” қадр шуданд.
Озмун аз рӯйи 7 наминатсия - “Математика”, “Физика ва астрономия”, “Химия”, “Биология”, “География”, “Технологияи иттилоотӣ”, “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” вобаста ба синну сол байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо ва мактаби президентӣ, донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Ғолибони ҷойи якуми 7 наминатсия аз рӯйи синну сол:
Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
- Олимова Фараҳноз, хонандаи МТМУ-и №37, ш.Исфара – бахши “Математика”;
- Валиҷонов Фирдавс Валиҷонович, хонандаи МТМУ-и №9, н. Ҷ. Расулов - бахши “Физика ва астрономия”;
- Холов Аҳлиддин Баҳриддинович, хонандаи МТМУ-и №56, н. Сино – бахши “Химия”;
- Займуддинов Шарифҷон Бегиҷонович, хонандаи МТМУ-и №34, н. Сино – бахши “Биология”;
- Шерова Моҳпора Саидовна, хонандаи МТМУ-и №51, н. Фирдавсӣ - бахши “География”;
- Азизов Ҳикматулло Абдулҳомидович, хонандаи МТМУ-и №51, н. Фирдавсӣ – бахши “Технологияи иттилоотӣ”;
- Нуров Одилҷон Алиҷонович, хонандаи МТМУ-и №5, ш. Ваҳдат - бахши “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактаби президентӣ)
- Қодиров Муҳаммадҷон Мансур, хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқати ш.Душанбе – бахши “Математика”;
- Қосимов Муҳаммадҷон Камолиддинович, хонандаи Литсейи №1, ш. Панҷакент – бахши “Физика ва астрономия”;
- Разакова Шаҳзода Хайруллоевна, хонандаи Литсейи “Ҳотам ва ПВ”дар шаҳри Ҳисор - бахши “Химия”;
- Қурбонзода Маҳваш Завқибек, хонандаи Гимназияи №74-и н.Фирдавсӣ - бахши “Биология”;
- Толибова Сумая Сорбоновна, хонандаи Литсейи инноватсионии н.Фирдавсӣ - бахши “География”;
- Қаюмов Муҳаммадҷон Ёдгорович, хонандаи Литсейи Ҳотам ва ПВ, н.Сино - бахши “Технологияи иттилоотӣ”;
- Ашурова Сумая Зафаровна, хонандаи Литсейи инноватсионӣ дар н. Фирдавсӣ - бахши “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
Байни донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ
- Ҳаитов Эҳсон, донишҷӯи Донишгоҳи милли Тоҷикистон – дар бахши “Математика”;
- Иноятов Шаҳриёр Шавқатбоевич, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ – бахши “Физика ва астрономия”;
- Машрабов Шукрулло Абдулмаҷидович, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - бахши “Химия”;
- Сафаров Алиҷон Рустамович, Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино, ш. Душанбе - бахши “Биология”;
- Чутаев Бунёд Ҳасанович, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, ш. Душанбе – бахши “География”;
- Аминзода Нодир Назирҷон, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ш. Душанбе – бахши “Технологияи иттилоотӣ”;
- Мирзовалиев Хушбахт Исмоилович, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, ш. Душанбе - бахши “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
Ғолиби ҷойи аввали бахши “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” байни ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантони хабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таъдимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун Одинаев Фатҳулло Раҳматович, аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гардид.
Бояд гуфт, озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” соли чорум аст, ки бо мақсади ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳақиқон ва устодону омӯзгорон баргузор мегардад. Дар ин чор сол танҳо як нафар соли гузашта дар бахши “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” Ҷаҳонгир Дадаҷонов барандаи “Шоҳҷоиза”-и ин озмун гардид.
Бо феҳристи пурраи ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 инҷо шинос шавед.
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста