Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шурӯъ аз 31-уми октябр ярмаркаи фурӯши ангишт ташкил карда шуд. Дар он ангишт нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шудааст.
Ярмаркаи фурӯши ангишт аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва КВД “Ангишти тоҷик” ташкил шуда, се рӯз, то рӯзи 2-юми ноябр идома меёбад. Масъулини ташкили ин ярмарка мегӯянд, ҳадафи асосӣ таъмини дастрасии бештари сокинон ба маводи сӯхт дар фасли зимистони дарпешистода мебошад.
Дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи мазкур дар маҳаллаи 34, назди саристгоҳи мусофиркашонии “Роҳи Абрешим” ташкил шудааст.
Дирӯз, 31-уми октябр, дар аввалин рӯзи ташкили ярмарка, ин маҳалла нисбат ба ҳарвақта серодам буд. Сокинон дар назди даҳҳо мошини боркаш, ки ҳомили ангишт буданд, ба хариди ангишт овора буданд.
Мастура Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам даҳҳо километр роҳ тай карда, ба ин маҳалла барои хариди ангишт омадааст.
Ӯ мегӯяд, бо назардошти нархи нисбатан поёни ангишт дар ин ярмарка, аз ноҳияи дигар ба ин ҷо омад.
“Дар ин ҷо арзиши ангишт нисбат ба бозор то 50 дарсад арзонтар аст. Аз ин сабаб, чанд ҳамчоя маслиҳат карда, ба хулосае омадем, ки 5 тонна ангишт харем ва баробар тақсим кунем”, - гуфт Сатторова.
Воқеан, арзиши як килограм ангишт дар ярмарка аз 80 дирам оғоз мешавад. Танҳо ангишти Исфара, ки сифаташ нисбатан беҳтар ва коркардаш душвортар аст, аз дигар навъи ангишт 40 дирам гаронтар, яъне 1 сомониву 20 дирам ба фурӯш гузошта шудааст.
Бояд гуфт, дар бозор як килограм ангишт то аз 1 сомониву 50 дирам то 2 сомониву 50 дирам, ангишти Қирғизистон бошад, тахминан 3,5-4 сомонӣ мебошад.
Ҳусейн Асоев, муовини директори КВД “Ангишти Тоҷик” гуфт, ки дар рӯзи аввали ярмарка ба маҳаллаи 34-и Хуҷанд 8 адад мошини калони боркаш бо миқдори беш аз 160 тонна ангишт аз корхонаҳои истеҳсолии ангишти “Фон-Яғноб”, “КМТ”, “Ангишт”, “Вена” ва ғайра овардаанд.
“Харидор зиёд аст. Аллакай чанд тонна ба фурӯш рафт. Мақсади мо таъмини дастрасии аҳолӣ ба ангишт дар зимистони дарпешистода мебошад”, - гуфт ӯ.
Бояд гуфт, тибқи иттилои масъулини баргузории ярмаркаи фурӯши ангишт, ин иқдом давоми се рӯз ғайр аз Хуҷанд, дар шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Ашт низ ташкил баргузор мешавад.
Нархи ангишту ҳезуму таппак дар Тоҷикистон чанд аст ва сокинон чӣ гуна ба зимистон тайёрӣ мебинад? Дар ин матлаби мо хонед.
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста