ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 5 МАРТ

Соли 1959 –Аввалини анҷумани рӯзноманигорони Тоҷикистон баргузор шуд.

Соли 2014 – Дар Тоҷикистон додани шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳои воситаҳои нақлиёти механикӣ оғоз гардид.

Соли 2015 – Фармони Президенти  Тоҷикистон  “Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум” нашр шуд.

Соли 2018 – Дар Тоҷикистон Шурои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ таъсис дода шуд.

Соли 2019 – Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардид.

Соли 2020 – Дар брифинги матбуотӣ, Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки дар кишвар ягон ҳолати сирояти коронавирус сабт нашудааст ва ин ниҳод аз мардум даъват кард, ки ба таҳлука наафтанд. Бо вуҷуди ин, аҳолӣ дар пайи воҳимаи COVID-19 ба харидории маводи ғизоии зиёд шурӯъ карданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1870 – Мавлуди Бобоюнус Худойдодзода, шоири тоҷик.

Соли 1884 – Зодрӯзи Евгений Павловский, олими зоолог, асосгузори илми зоология дар Тоҷикистон.

Евгений Павловский

Павловский Евгений Академики ифтихории Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва асосгузори Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистону Шӯравӣ аст.

Ӯ доктори илми тиб ва биология буда, мудири бахши паразитологияи шуъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС ва директори Институти зоологияи АИ ИҶШС будааст.

Соли 1927 – Мавлуди Нӯъмон Неъматов, таърихшиноси тоҷик, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.


Нӯъмон Неъматов муаллиф ва муҳаррири нахустин китоби дарсӣ барои мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо номи “Таърихи халқи тоҷик” аст, ки бо таҷдиди назар ва тибқи талаботи меъёрҳои мактабҳои олии муосир навишта шудааст.

Тадқиқоти ин таърихшинос ба масъалаҳои археологияи бостон ва асрҳои миёнаи сарзамини Тоҷикистон, таърихи маданияти халқи тоҷик ва Осиёи Марказӣ бахшида шудаанд.

Неъматов аввалин муҳаққиқи давлати бостонии Уструшана буда, таҳти роҳбарии ӯ ҳафриёти шаҳри Бунҷикат (Шаҳристони имрӯза), ёдгориҳои атрофи он, харобаҳои дигар шаҳрҳои Уструшана ошкор карда шудаанд. 

Ӯ солҳо дар Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистони шӯравӣ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ фаъолият карда муддате роҳбарии Мамнунгоҳи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Ҳисор ва Маркази илмӣ-таҳқиқоти гуманитарии ЮНЕСКО дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба уҳда доштааст. 

Соли 1930 – Зодрӯзи Ғаффор Ашӯров, файласуфи тоҷик.

Соли 1939 – Мавлуди Убайд Зубайдов, ходими ҷамъиятӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор.

Соли 1958 – Зодрӯзи Саидвализода Раҷабалӣ, меъмор, собиқ директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон.

Раҷабалӣ Саидвализода

Ӯ солҳои гуногун ба унвони муҳандис кор карда, соли 2006 пас аз муҳоҷирати дусола дар Русия, ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба кор мепардозад ва аз соли 2017 раиси ин ниҳод буд.

Раҷабалӣ Саидвализода моҳи июни соли 2021 дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1960- Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) 65-сола шуд.

Ӯ хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови Маскав аст. Ҳамкории худро аз нашрияи маҳалли “Шӯҳрати Ашт” ва баъдан рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” оғоз кардааст.

Дар "Тоҷикистони советӣ" ҳамчун хабарнигор, мудири шӯъба ва муовини сардабир кор кардаву баъдан муовини директори хабаргузории "Ховар" кор мекунад. Соли 1998 хабаргузории мустақили "Интер-пресс-сервис"- ро таъсис дод. Аз ибтидои таъсисёбии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ, бо забони русӣ НАНСМИТ) аз соли 1999 роҳбарии онро ба зимма дорад.

Нуриддин Қаршибоев

Соли 2014 раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон ҳам интихоб шуд ва як муддат дар ин вазифаи ҷамъиятӣ низ кор кардааст.

Нуриддин Қаршибоев ба унвони яке аз мудофеони сарсахти ҳуқуқи рӯзноманигорони тоҷик ва озодии баён дар Тоҷикистон шинохта шудааст.  Махсусан дар чанд соли охир, ки фишор болои рӯзноманигорон бештар шуда, чандин журналисти тоҷик паси ҳамдигар зиндонӣ шуданд, фаъолияти АМВАОМТ дар самти дифоъ аз озодии сухан ва ҳуқуқи журналистон бисёр назаррас аст. Ҳар куҷое болои журналисте фишоре эҳсос мешавад, ҳар куҷое хавфу хатаре барои ба ҳампешагон ба назар мерасад, Анҷуман аз пайи ҳимояи манфиатҳои ӯст.

Дар бораи роҳи тайкарда ва пур аз шебу фарози 25 соли фаъолияти АМВАОМТ дар ин маводи "Азия-Плюс" хонед: Таҳкими озодии баён ва дифоъ аз журналистон. 25 соли роҳи пур аз шебу фарози АМВАОМТ

Соли 1971 – Мавлуди Аслиддин Ҳабибуллоев, футболбоз (дарвозабон) ва мураббии тоҷик.

Соли 1975 – Зодрӯзи Сироҷиддини Эмомалӣ, доктори илмҳои филология, декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Соли 1976 - Мавлуди Бибиосия Аюбӣ, вакили парлумони Тоҷикистон.

Бибиосия Аюбӣ

Ӯ дар интихоботи парлумонии соли равон низ аз ҳавзаи якмандатии Абдураҳмони Ҷомӣ 28 вориди парлумон шуд. 

Хатмкардаи шуъбаи арабии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон бо ихтисоси шарқшинос (забони арабӣ) ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия бо ихтисоси сиёсатшинос мебошад. 

Солҳои 2003-2010 муовини раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, 2010-2014 муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти  Тоҷикистон, 2014-2022  муовини директори Агентии хизмати давлатии  Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2022 то феврали соли 2024 директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Моҳи феврали 2024  вакили парлумон интихоб шуд.

Соли 2015 –Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гурӯҳи 24” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст) дар Истанбул кушта шуд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

5 марти соли 1970 татбиқи шартномаи манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ ба иҷро даромад. Ин созишномаи байналмилалӣ бо ҳадафи маҳдуд кардани шумораи кишварҳои дорои силоҳи ҳастаӣ ва таъмини назорати байналмилалӣ таҳия шудааст.


Шартнома кишварҳоро уҳдадор месозад, ки силоҳи ҳастаиро паҳн накунанд, онро насозанд ва дар ихтиёри дигарон нагузоранд. Ба ин шартнома зиёда аз 170 кишвар ҳамроҳ шудаанд, аммо Исроил, Ҳиндустон, Покистон, Кореяи Шимолӣ ва Судони Ҷанубӣ узви он нестанд.

5 марти 1914 киностудияи “Ленфилм” таъсис ёфтааст. Аввал киностудия номи “Кумитаи кинематографияи Петроград”-ро дошт ва аз соли 1934 расман бо номи “Ленфилм” фаъолият мекунад.

Дар маҷмӯъ, дар “Ленфилм” тақрибан ду ҳазор филми бадеӣ, ҳуҷҷатӣ ва телевизионӣ таҳия шудаанд, ки  ҷоизаҳои гуногун ва мукофотҳои бисёр ҷашнвораҳои байналмилалиро гирифтаанд.


Имрӯз “Ленфилм” қадимтарин киностудияи Русия буда, ҳамасола даҳҳо филмҳои бадеии пурра таҳия мекунад. Илова бар филмҳои бадеӣ, дар ин ҷо сериалҳои телевизионӣ, видеоклипҳо, эълонҳои таблиғотӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ низ сабт мешаванд.

5 март ҳамчун Рӯзи ихтирои “степлер” таҷлил мешавад. Соли 1866 ихтироъкори амрикоӣ Ҷорҷ МакГилл намунаи аввалини “степлер”-ро сохт, ва як сол баъд – 5 марти 1867 ин дастгоҳи махсусро, ки барои пайваст кардани варақҳои коғаз истифода мешавад, патент кард.


Ҳамчунин, имрӯз Рӯзи хомӯш кардани гадҷетҳо мебошад. Таҷлили ин рӯз дар ИМА пайдо шуда, дар муддати кӯтоҳ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон паҳн гардидааст.

Дар ин рӯз одамоне, ки ин ҷашнро таҷлил мекунанд, телефон, планшет, ноутбук ва дигар гадҷетҳои саргармкунандаи худро барои муддате хомӯш мекунанд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 5 МАРТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14º сард, рӯзона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 7+12º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 5-7ºсард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 25-30º сард то 17-22º сард, рӯзона 5-10º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9-11º сард, рӯзона 0+2º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.