Дирӯз, 17-уми июл Созишномаи мутақобилан бекор кардани раводид (виза) миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Доминика эътибор пайдо кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Низоми бидуни раводид ба дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ дахл дорад.
Бар асоси созишномаи мазкур, ҳамакнун шаҳрвандони Тоҷикистон ва Доминика метавонанд бидуни раводид ба кишварҳои якдигар рафтуомад карда, то 90 рӯз дар он иқомат кунанд.
Созишномаи мутақобилаи бекоркунии раводид байни Тоҷикистон ва Доминика моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико имзо шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки пештар аз ин, рӯзи 26-уми ноябри соли 2024, Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани талаботи раводидро барои шаҳрвандони ҳарду тараф имзо карда буданд. Он замон гуфта шуд, ки дар асоси созишномаи баимзорасида, шаҳрвандони ҳар ду кишвар аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан бубудош дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати сӣ (30) рӯз озод мебошанд.
Моҳи майи соли 2024 бошад, Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард, ки бо рӯйхати ин кишварҳо метавонед дар ин пайванд шинос шавед.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста