Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» - | Натоиҷи санҷиши иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи сохтмони «НБО Роғун» дар ояндаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, хабар дод вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, зимни нишасти матбуотӣ, ки 22 апрел дар Душанбе баргузор гашт.
Ба гуфтаи вазир, феълан мутахассисони ширкати швейтсарии Poyry Energy Ltd, ки бо ташхиси лоиҳа сару кор гифритаанд, якчанд пешниҳодоти ҳукумати кишварро баррасӣ доранд.
Баҳои фаннӣ-иқтисодии НБО Роғун авохири моҳи майи соли равон омода мешавад, хабар дод вазир ва афзуд, « мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ баъди ду ҳафта ба Тоҷикистон омада рӯзи дақиқи пешниҳоди натоиҷи санҷишро муайян мекунанд».
Ба иддаои Гул Шералӣ дар раванди лоиҳа тағироте ба амал нахоҳад омад. «Вазъ он тавре, ки буд, ҳамон гуна боқӣ мемонад», изҳор дошт вазир.
Сохтмони НБО Роғун бо иқтидори 3,6 ҳаз. МВт дар рӯди Вахши Тоҷикистон, бо сохтмони сарбанд бо баландии 335 метр ҳанӯз мобайнҳои солҳои 80 уми асри гузашта шуруъ шуд.
Барои сохтмони нерӯгоҳ 2,2 млрд доллар лозим аст ва Тоҷикистон эълон дошт, ки нерӯгоҳи Роғунро мустақилона хоҳад сохт. Барои корҳои барқарорсозӣ дар НБО 800 млн сомонӣ дар буҷаи кишвар ҷудо шудааст.
Соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ созишнома дар хусуси гузарондани санҷиши байналхалқии лоиҳаи сохтмони НБО Роғун ва ташхиси таъсири экологии фаъолияти он ба кишварҳои минтақа, ба тасвиб расонданд. Авохири соли 2010 консортсиуми байналхалқӣ бо раҳбарии Coyneet Bellier Consulting Engineers-и Фаронса иҷозаи гузарондани ташхиси техникӣ-иқтисодии лоиҳаро ба даст овард.
Моҳи феврали соли равон ширкати Poyry Energy Ltd –и Швейтсария дар рафти баргузории тендер ҳуқуқи гузарондани ташхиси экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаро ба даст овард.
Тибқи нақша натиҷаи ташхис аввалҳои соли 2012 пешниҳод карда мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар Роғун корҳои барқарорсозӣ идома доранд.




Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста