Зимни баррасии иҷрои буҷети давлатӣ дар зарфи 9 моҳи соли равон дар парлумон сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Гурез Зарифов изҳор кард, ки дар ин давра ба Тоҷикистон ҳудуди 334 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124 ҳазор тонна камтар аст.
Сабаби коҳиши ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ дар ин давра ва боло рафтани қимати маводи сӯзишворӣ дар ҷумҳуриро номбурда ба аз ҷониби Русия дар соли гузашта ҷорӣ сохтани боҷи гумрукӣ ба содироти маҳсулоти нафтии сафед ба Тоҷикистон марбут медонад, ки ҳамчунин ба кам шудани ҷамъоварии пардохтҳои иловагии гумрукӣ дар ҳаҷми 121 млн. сомонӣ боис гардидааст.
«Омили дигари коҳиши ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ афзоиши воридоти маҳсулоти имтиёзнок нисбат ба маҳсулотест, ки андозбандӣ мешаванд ва дар ин давра 73,2% аз ҳаҷми умумии воридотро маҳсулоти имтиёзнок ташкил медиҳанд», - гуфт ӯ.
Ба қавли Зарифов, ҳамчунин як қатор равандҳои мусбати иқтисодии дохилии ҷумҳурӣ низ ба бештар ҷамъоварӣ кардани маблағи пардохтҳои гумрукӣ барои буҷет таъсири манфӣ расониданд.
«Соли равон дар кишвар як қатор корхонаҳо, бахусус корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба коҳиши ҳаҷми воридоти маҳсулот аз хориҷи ҷумҳурӣ мусидат намуданд», - гуфт номбурда.
Бино ба маълумоти сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ 1 млрд. 655 ҳазор сомониро ташкил додаст, ки аз нақша 2,4% ё худ 39 млн. сомонӣ зиёдтар аст.
Номбурда афзуд, дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ ба 1 млрд. 176 ҳазор сомонӣ баробар буд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 8
Пешниҳоди як вакили рус. Муҳоҷироне, ки ҳузури худро бо пора қонунӣ кардаанд, ихроҷ кунед
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2025
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста