Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати роҳбарони вазоратҳо, ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳои мобилӣ ва хориҷӣ бахшида ба муаррифии Маркази протсессингии миллӣ ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, Маркази протсессингии миллӣ ба ташкилотҳои қарзӣ хизматрасониҳо оид ба ҷараён ва роҳандозӣ кардани амалиётҳои коркарди иттилоот, амалиётҳои транзаксионӣ ва молиявиро пешниҳод менамояд.
Ҳамчунин Маркази протсессингии миллӣ ҳисоббаробаркуниҳои байниҳамдигарии иштирокдорони маркази мазкурро бо асъори миллӣ аз тариқи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.
Тавре Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода зимни суханрониҳояшон дар ин ҷаласа иброз доштанд, ҳадафи асосии ташкили Маркази миллии протсессингӣ, ин таъмини соҳибихтиёрӣ, новобастагӣ аз низомҳои пардохтии хориҷӣ ва кам кардани хавфи таъсири омилҳои беруна ба инфрасохторҳои пардохтии Тоҷикистон мебошад.
Имконоти Маркази протсессингии миллӣ номгӯйи пурраи хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкиро, аз қабили пешниҳод ва қабули маблағҳои пулӣ, пардохти харид ва хизматрасониҳо, интиқоли маблағҳо аз як корти пардохтӣ ба корти дигар, анҷоми амалиётҳои бонкӣ аз тариқи шабакаи интернет, (интернет-банкинг), алоқаи мобилӣ ва пайки бонкдорӣ (SMS –банкинг)-ро дар бар мегирад.
Маркази номбурда дорои имкониятҳои васеъи технологӣ оид ба ин низом пайваст намудани банкоматҳо ва терминалҳои пардохтии бонкҳои иштирокдор, тайёр намудани кортҳои пардохтӣ, ҳамкорӣ бо ширкатҳо оид ба қабули пардохтҳои хизматрасониҳои соҳаҳои мухталиф (шабакаи интернет, алоқаи мобилӣ ва ғ.), пайвастшавӣ ба марказҳои протсессингие, ки ба бонкҳои Тоҷикистон хизмат мерасонанд, мебошад.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста