Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2011 беш аз 30 млрд. сомонӣ (зиёда аз 6,3 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 7,4% зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар ин давра 23,8% - ба бахши кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал, моҳипарварӣ ва моҳидорӣ, 12,3% - ба саноат бо шумули энергетика, 11% - ба андоз, 7,4% - ба сохтмон, 14,3% - ба нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбордорӣ, 3,8% - ба идораи давлатӣ ва бимаи ҳатмии иҷтимоӣ, 0,4% - ба фаъолияти молиявӣ, амалиёт бо амволи ғайриманқул ва иҷора, 4,5% - ба маориф, 2,8% - ба соҳаи тандурустӣ ва пешниҳоди хизматгузориҳои иҷтимоӣ, 3,7% - ба пешниҳоди хизматгузории коммуналӣ, иҷтимоӣ ва шахсӣ рост меояд.
Ёдрас мекунем, ки дар соли 2010 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ беш аз 24,7 млрд. сомонӣ ва дар соли 2009 – 20,6 млрд. сомониро ташкил дода буд.




Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста