Дар шаҳри Маскав таҳти раёсати мушовири сафорати Туркманистон дар Русия Мурод Язбердиев ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкориҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.
Тавре хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, дар ҷаласа маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узви ИДМ баррасӣ шуданд. Иштирокчиёни ҷаласа ҷузъиёти Гузориши муҳити корӣ, имтиёзҳо ба сармоягузорон, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, паркҳои саноатӣ ва илмӣ-техникии кишварҳои узви иттиҳод ва ҳамчунин Дурнамои истеҳсолот, истеъмол, воридоту содироти навъҳои муҳими маҳсулоти кишварҳои узви ИДМ барои соли 2012-ро, ки аз ҷониби Деартаменти ҳамкориҳои иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ омода гардида буд, муфассал мавриди омӯзиш қарор доданд.
Бино ба иттиои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин масоили амалисозии Консепсияи ташаккули фазои иттилоотӣ-китобхонавӣ дар заминаи китобхонаҳои наздимарзӣ, ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар соҳаи комплекси саноати ҷангал, таъини Ҷоизаи ИДМ дар соли 2011 барои комёбиҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматгузориҳо низ баррасӣ шуданд.
Бо назардошти табодули афкор ва пешниҳодот дар ҷаласа, лоиҳаҳо бо қарорҳои дахлдори Шӯрои иқтисодии ИДМ маъқул шуморида шуданд. Баргузории ҷаласаи навбатӣ 16-уми март дар Маскав дар назар аст.
Ҳамчунин дар ҷаласа рӯзномаи ҷаласаи минбаъдаи Комисссия оид ба масоили иқтисодӣ, ки бояд 8-уми феврал дар Маскав баргузор шавад, низ маъқул шуморида шуд.



Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста