Ахири ҳафтаи гузашта дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Шариф Раҳимзода бо Ҳамоҳангсози барномаи Раёсати Туркӣ оид ба рушд ва ҳамкориҳои байналхалқӣ, ҷаноби Фатеҳ Йилмаз доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, тақвияти рушди муносибатҳои дуҷониба, омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла хизматрасонии соҳаи туризм ва рафти иҷрои корҳои вобаста ба лоиҳаҳои амалигардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои калидӣ дар мулоқоти Ш. Раҳимзода бо ҷаноби Ф.Йилмаз маҳсуб гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки фаъолияти TICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз ҳамкориҳои техникӣ дар соҳаҳои мухталиф иборат аст. Намояндагии ин созмон ҷараёни расондани кӯмаки техникиро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, инфрасохтор, фарҳанг, маориф, баланд бардоштани тахассус ва ғайра мунтазам таҳти назорат қарор медиҳад. Бо мақсади мусоидат ба рушди ҷумҳурӣ то имрӯз аз ҷониби Туркия тавассути TICA кӯмаки техникӣ ба маблағи бештар аз 7 миллион доллари ИМА расонида шуд. Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо атрофи нақшаю барномаҳои дар оянда амалишаванда мубодилаи афкори судманд намуданд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ дар зарфи 5 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Туркия 255 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Ҳаҷми содироти мол ба Туркия ба беш аз 218,1 млн. ва воридот аз Туркия ба 36,9 млн. доллари ИМА баробар аст.




Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста