Эрон перомуни транзити нерӯи барқ аз минтақаи Осиёи Марказӣ ба Туркия ва минбаъд ба кишварҳои Аврупо бо Тоҷикистон гуфтушунид дорад, - изҳор доштааст вазири энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Номҷӯй.
«Барои васли шабакаҳои барқии Тоҷикистону Эрон сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ дар қаламрави Афғонистон зарур аст», - гуфтааст М.Номҷӯй ба шабакаи телевизионии эронии Press TV.
Ба гуфтаи ӯ, сохтмони хатти интиқоли барқи мазкур пас аз имзои созишномаи дахлдор миёни кишварҳо оғоз мегардад.
Дар ҳамин ҳол, қаблан намояндаи Вазорати энергетикаи Эрон Абдулҳамид Фарзам изҳор дошта буд, ки Эрон ба шабакаи барқии шаш кишвари минтақаи Осиё ва Қафқоз пайваст шуданист.
Ӯ зикр кард, ки Теҳрону Ашқобод дар бораи сохтмони ду хатти нави интиқоли барқи 400 кВ созишнома ба имзо расонидаанд, ки он ба додугирифти нерӯи барқ бо Қирғизистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба Эрон имкон фароҳам месозад.
Эрон ба дастёбӣ ба содиркунандаи бузурги минтақавии нерӯи барқ шудан кӯшиш дорад ва барои бунёди се нерӯгоҳи барқӣ беш аз 1 млрд. доллари ИМА сармоягузорӣ ҷалб кардааст.
Айни замон Эрон бо Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия ва Туркманистон муносиботи табодули нерӯи барқро анҷом медиҳад.




Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Зоир26 июн, 2012 11:04
Бузак бузак намур ки бащор мешавад. О худи барқ дар Тоҷикистон намерасад, боз инҳо ба Аврупо барқ ирсол кардани. Худи Эрон наметаовнад нафташро ба Аврупо фурушад чи гуан барки моро мефрушад. Як дуруге гуед мансабдорони рачуманд, ки боваркардани бошад!!1