Сафари намояндагони бонки русиягии «Связь-Банк» ба Тоҷикистон анҷом ёфт.
Дар ҷараёни сафар роҳбари низоми интиқоли маблағҳои BLIZKO (мутааллиқ ба «Связь-Банк») Андрей Лайков бо роҳбарони бонкҳои бузурги Тоҷикистон гуфтушунид анҷом дод. Ӯ ҳамчунин бо сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев вохӯрда, масоили интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони тоҷик аз Русияро баррасӣ кард.
Ба гуфтаи роҳбари медиа-холдинги тоҷикии Tajnfo дар Русия Муҳаммади Эгамзод, ки намояндагони бонкро дар сафар ба Душанбе ҳамроҳӣ мекард, ҷонибҳо дар бахши танзими интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аз Русия ҳамкорӣ карданианд. Ғайр аз ин, як қатор масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ шуданд.
Андрей Лайков, изҳор кардааст, ки ҳадаф аз сафар тавсеа бахшидан ба маҷмӯи хизматгузориҳо, шаффофияти комил ва мавҷуд набудани комиссияҳои пӯшида мебошад. «Бо риояи ин қоидаҳо ҳар як қабулкунандаи маблағро метавон намояндаим BLIZKO номид», - гуфтааст ӯ.
Қобили зикр аст, ки Tajnfo муддати 10 сол шарики иттилоотии BLIZKO мебошад.



Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста