Субҳи имрӯз чархаи нави кории нерӯгоҳи обӣ-барқии «Норак» тавассути ҳавопаймои Ан-225» аз шаҳри Харкови Украина ба Душанбе оварда шуд. Ин чарха барои таҷдиди агрегати ҳаштуми нерӯгоҳ пешбинӣ шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд, қимати чархаи мазкур 4 млн. $ ва арзиши хизматгузории интиқоли он тавассути ҳавопаймо ҳудуди 880 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, чархаи кории нав ва дигар таҷҳизоти аз шаҳри Харков интиқолёфта фардо ба шаҳри Норак фиристода мешаванд.

Зикр гардид, ки пас аз насби чархаи нав иқтидори агрегати ҳаштуми нерӯгоҳ ба миқдори 10 МВт афзуда, 355 МВт-ро ташкил хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки ин чархаи кории сеюмест, ки баҳри таҷдиди нерӯгоҳи «Норак» тайи чор соли ахир аз Харков оварда шуд.