Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи иҷлосияи 66-уми Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки чанде қабл дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио баргузор шуд, ширкат варзид.

Дар ин ҷаласа Тоҷикистонро вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов ва сармушовири президенти ҷумҳурӣ оид ба сиёсати иқтисодӣ Неъматҷон Бӯриев намояндагӣ карданд.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар ҳошияи чорабинии мазкур ҳайати Тоҷикистон як қатор гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом дод. Аз ҷумла дидору гуфтушуниди ҳайати Тоҷикистон бо директори иҷрокунандаи Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) Оливйе Декамп, раиси Раёсати Бонки авруосиёии рушд Игор Финогенов, директори иҷрокунанда оид ба таъмини фаъолияти Фонди зиддибуҳронии ЕврАзЭС Сергей Шаталов, ноиби президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ (JICA) Киоши Кодера, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Ле Уэру, директор оид ба стратегия ва амалиёти минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Питер Кайл, директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа, муовини директори иҷрокунандаи Хазинаи байнулмилалии асъор Зу Мин, директори департаменти ХБА оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Масъуд Аҳмед ва дигарон баргузор шуд.

Ба иттилои манбаъ, зимни гуфтушунидҳои дуҷониба ҷараёни амалисозии барномаву лоиҳаҳое, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд ва ҳамчунин дурнамои самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуданд.