Субҳи имрӯз раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров ва сардори Раёсати робитаҳои байнулмилалии ширкат Рустам Раҳимов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои электроэнергетикии кишварҳои узви ИДМ ба пойтахти Белорус – шаҳри Минск сафар намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ иттилоъ дод, дар ҷаласаи Шӯрои мазкур баррасии масъалаи омодагии низомҳои миллии энергетикии кишварҳои Иттиҳод ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола дар назар аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар чаҳорчӯби ҷаласа Абдулло Ёров бо роҳбарони ниҳодҳои энергетикии як қатор кишварҳои узви ИДМ гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки вазири энергетикаи Русия Александр Новак президенти Шӯрои электроэнергетикии кишварҳои узви ИДМ мебошад.