Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ба роҳандозии барномаи омӯзиши иштирокчиёни бахши хурди молиявии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба сафарбаркунии амонатҳо (депозитҳо) ва идоракунии хатарҳо ва ба ин васила мусоидат намудан ба рушди иқтисоди ин кишварҳо оғоз мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии IFC хабар доданд, дар чаҳорчӯби ин барнома омӯзиши намояндагони бахши хурди молияӣ ба таҳияи стратегияи сафарбарсозии амонатҳо, идоракунии хатарҳо дар муассисаҳои хурди молиявӣ ва амалиёт бо амонатҳо дар назар аст.

«Барномаи глобалии IFC оид ба идоракунии хатарҳо бо дастгирии ҳукумати Ҷопон ба муассисаҳои хурди молиявӣ дар саросари ҷаҳон барои арзёбӣ ва пешгирии хатарҳо тавассути воситаҳои воқеъгароёна ва тадбирҳоли иловагӣ баҳри беҳбуди идоракунии хатарҳо кӯмак мерасонад», - гуфтанд дар намояндагии доимии IFC.

Роҳбари барномаи IFC Маканда Киоко дар ин робита таъкид намудааст, ки Корпоратсия баҳри таҳкими имконоти муассисаҳои хурди молиявии минтақаи Осиёи Марказӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, зеро онҳо муҳаррики рушди иқтисод ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ мебошанд.