Дар зарфи 10 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 296,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 64,9 ҳазор тонна камтар мебошад.

Воридкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Русия боқӣ монда, ҳиссаи ин кишвар дар ҳаҷми воридот 58,8% (174,5 ҳазор тонна)-ро ташкил медиҳад. Соли равон Тоҷикистон аз Туркманистон 55 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ дастрас намуд ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 11 ҳазор тонна зиёдтар буда, ҳиссаи он дар бозори умумии воридот ба 18,6% баробар аст.

Соли равон ҳамчунин ба Тоҷикистон аз Қирғизистон дар ҳаҷми 31,9 ҳазор тонна (10,8%), Қазоқистон – 11,7 ҳазор тонна, Белорус – 9,1 ҳазор тонна, Ӯзбекистон – 7,1 ҳазор тонна, Озарбойҷон – 367 тонна, Украина – 76 тонна ва дигар кишварҳо – 7,7 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридшуда 131,3 ҳазор тоннаашро бензин, 99,5 ҳазор тоннаро - сӯзишвории дизелӣ, 41,9 ҳазор тоннаро – сӯзишвории реактивӣ, 5,3 ҳазор тоннаро – мазут, 9,1 ҳазор тоннаро – битум, 9,3 ҳазор тоннаро – равғанҳои молиданӣ ва 32 тоннаро – керосин ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Русия аз Тоҷикистон оид ба лоиҳаи созишнома дар бораи воридоти махсулоти нафтии ин кишвар ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ посухро интизор аст.

Муовини вазири энергетикаи Русия Анатолий Яновский рӯзи 13-уми ноябр ба унвони муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Заробиддин Файзуллоев мактубе ирсол намуда, дар он лоиҳаи созишнома иборат аз 13 моддаро ба баррасӣ пешниҳод ва муайян кардани мавқеи Тоҷикистон дар ин масъаларо дархост кардааст.