Корҳои таҷдиди аввалин нерӯгоҳи обиву барқӣ дар Тоҷикистон – нерӯгоҳи «Варзоб» охири соли равон ба итмом мерасанд.

Дар ин робита аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, ки қаблан пас аз таҷдид мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми нерӯгоҳ моҳи октябр ва агрегати дуюм моҳи ноябр ба нақша гирифта шуда буд.

«Аммо корҳои насб аз муддати пешбинишуда хеле дертар анҷом пазируфта, аз ин рӯ, пас аз таҷдиду азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳи «Варзоб» ахири сол дар назар аст», - гуфтанд дар ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон агрегати дуюми нерӯгоҳ комилан барои истифода омода буда,корҳои насби таҷҳизот дар агрегати якум дар арафаи анҷомёбианд.

Ёдрас мекунем, ки ду ширкати Ҳиндустон - Bharat Heavy Electricals Limited (BHEL) ва National Power Corporation (NHPC) ба корҳои таҷдиди нерӯгоҳи барқии «Варзоб-1» машғуланд. Барои амалисозии лоиҳаи мазкур аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон дар ҳаҷми 17 млн. $ грант ҷудо гардида буд.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», пас аз анҷоми корҳои таҷдид иқтидори нерӯгоҳи «Варзоб-1» аз 7,4 то 9,4 МВТ афзуда, муҳлати коршоямии нерӯгоҳ ба муддати 50 соли дигар тамдид меёбад.

Силсилаи нерӯгоҳҳои Варзоб аз се нерӯгоҳ иборат буда, иқтидори нерӯгоҳи «Варзоб-2» аз  ҳама бештар – 14,76 МВт аст. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Варзоб-1» - 7,4 МВт ва «Варзоб-3» 3,52 МВт-ро ташкил медиҳад.

Нерӯгоҳи «Варзоб-1» аввалин нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар Тоҷикистони шӯравӣ маҳсуб ёфта, соли 1936 ба истифода дода шудааст.