Бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ба аввали моҳи декабри соли 2012 4,6 млрд. сомонӣ (беш аз 964 млн. $)-ро ташкил дода, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 11,7% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 38,9% (қариб 1,8 млрд. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 61,1% (зиёдтар аз 2, 8 млрд. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.

 Фоизи миёнавазни пасандозҳо тамоюли мунтазам поиншавиро давом дода, дар ин давра бо пули миллӣ ба 15,73 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 12,94 фоизи солона баробар шуданд. Бақияи умумии қарзҳо дар ҷумҳурӣ ба ҳолати то 1 декабри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2 фоиз афзуд. Аз он аз 2,0 млрд. сомонӣ қарзҳо бо пули миллӣ ва бештар аз 3,1 млрд. сомонӣ бо асъори хориҷӣ рост меоянд. Дар маҷмуъ 69,8 фоиз (қариб 3, 6 млрд. сомонӣ)-ро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 30,2 фоиз (зиёдтар аз 1,5 млрд. сомонӣ)-ро қарзҳои дарозмуддат ташкил намуданд.

Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкӣ дар ёздаҳ моҳи соли равон бо пули миллӣ ба 21,18 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 24,71 фоизи солона баробар шуданд.

Қарзҳои хурди додашуда дар ин давра низ бо суръати бештар рӯ ба афзоиш ниҳода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,3 фоиз зиёд гардиданд. Аз он ҷумла, маблағи 579,0 млн. сомонӣ ҳамчун қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 23,0 фоиз зиёд мебошад.