Соли гузашта ҳаҷми воридоти гази моеъ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 81,2 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 28,2 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, феълан бозори фурӯши чаканаи гази моеъ дар ҷумҳурӣ устувор буда, норасоӣ ва болоравии нархи он ба мушоҳида намерасад. «Моҳи декабри соли гузашта ба Тоҷикистон 7,4 ҳазор ва моҳи ноябр 7,8 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, сарфи назар аз устувории бозор, миёни панҷ ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон моҳи декабр дар ширкатҳои «Тоҷирон» ва «Муҳаммад пӯлод» коҳиши босуръати ҳаҷми воридот ба мушоҳида расида, фаъолияти дигар ширкатҳои боқимонда – «Фароз», «Газпромнефт Тоҷикистон» ва «Зет-Газ» дар ин самт устувор аст.
«Соли 2012 нархи миёнаи як тонна гази моеъ то марзи Тоҷикистон ҳудуди 660 доллари ИМА-ро ташкил дода, шурӯъ аз моҳи ноябр арзиши он дар бозори чаканаи ҷумҳурӣ аз 3,80 сомонӣ то 3,60 сомонӣ поин рафт», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки тибқи маълумоти расмӣ, тайи ду-се соли ахир бозори гази моеъи кишвар дар ҳоли афзоиш қарор дошта, ба 40% аз ҳаҷми умумии маводи сӯзишворӣ расидааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Ӯзбекистон аз 1-уми январ транзити гази моеъ тавассути автомобил аз қаламрави кишварашро манъ кард . Дар қарори ҳукумати кишвари ҳамсоя дар ин робита зикр мегардад, ки ин қарор ба хотири таъмини амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи солимии шаҳрвандон ва муҳити зист қабул шудааст.
Дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар ин робита тавзеҳ доданд, ки 95%-и ҳаҷми интиқоли гази моеъ ба Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан сурат мегирад ва манъи транзити автомобилии он тариқи қаламрави кишвари ҳамсоя ба бозори сӯзишвории кишвар ҳеҷ тасъсире нахоҳад дошт.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 январи соли 2025
Эрон раводидро пурра лағв кардааст. Акнун навбати Тоҷикистон
Идомаи тағийроти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру навоҳӣ ва муовини якуми Рустами Эмомалӣ иваз шуданд
Дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз 15 марти соли 2025 ба кор медароянд
Дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ ҳаҷми маош аз ҳама баландтар аст?
То 300 нафар дар як ҳафта. Баъди ҳодисаи “Крокус” бозгашти муҳоҷирон тавассути фурудгоҳи Кӯлоб зиёд шудааст
Ширкати “Сомон Эйр” хатсайри Душанбе - Лондонро роҳандозӣ мекунад
Азим Иброҳим ҳадафи таъсиси Фонди роҳро дар Тоҷикистон шарҳ дод
Вазири нақлиёт гуфт, дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе “сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст”
Раиси нави Хадамоти алоқа сабаби суст будани интернетро гуфт ва ваъдаи арзон кардани нархи онро дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста