Аз 1-уми январи соли равон дар Тоҷикистон андози 3 фоиза аз фурӯши чакана пурра бекор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ин ягона тағйиротест, ки ҷорӣ кардани он дарҳол пас аз мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз дар назар буд.

Ба иттилои манбаъ, Кодекси нави андоз аз 229 модда иборат буда дар муқоиса бо кодекси қаблӣ 42 модда камтар аст ва номгӯи андозҳо дар он аз 21 то 10 ихтисор шудааст. «Кодекси нав тадриҷан тӯли солҳои 2013-2017 пурра мавриди амал қарор дода шуда, як қатор андозҳо комилан бекор ва дар чанде аз онҳо меъёри фоизӣ кам мегардад», - гуфтанд дар Кумитаи андоз.

Дар робита ба мавриди амал қарор додани Кодекси нави андоз ва бо сабаби он кам шудани қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар солҳои наздик, ки Вазорати молия онро 800-900 млн. сомонӣ (беш аз 170 млн. $) арзёбӣ кардааст, дар кумита изҳор доштанд, ки аз ҳисоби афзоиши шумори андозсупорандагон ва коҳиши ҳаҷми иқтисоди пасипардагӣ вазъ дар ин самт базудӣ тағйир хоҳад ёфт.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 126 ҳазор андозсупорандагон ба қайд гирифта шуда, 40 ҳазор аз ин шумор тибқи патент фаъолият доранд ва 26 ҳазор нафари онҳо шахсони ҳуқуқӣ буда, 60 ҳазор  андозсупорандагон мутобиқи шаҳодатнома машғули коранд.