Дар пойтахт зимни вохӯрии вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ бо намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Си Си Ю масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳо дар бахши энергетика баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҷониби Тоҷикистон аз бонки мазкур иштирок дар сохтмони хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи CASA-1000-ро хоҳиш намудааст, ки интиқоли нерӯи барқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубиро пешбинӣ мекунад.
Ба итттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот Гул Шералӣ изҳор доштааст, ки ба Бонки осиёгии рушд барои барқарор намудани иштирокаш дар ин лоиҳа ба ҳайси сармоягузор, аз номи чор вазири кишварҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000 нома ирсол гардидааст. «Си Си Ю қайд намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти БОР беҳтар намудани зербинои энергетикӣ аст ва танҳо соли гузашта 70 дарсади маблағҳои ҷудошудаи бонк ба ин соҳа равона шудааст», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаи амалисозии лоиҳаҳо оид ба истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия низ табодули назар сурат гирифта, Си Си Ю дар ин робита изҳор кардааст, ки Бонки осиёгии рушд ҷиҳати маблағгузории бурсӣ дар ҳаҷми 20 млн. доллари ИМА барои насби коллекторхои офтобӣ дар манотиқи кӯхистони Тоҷикистон омода аст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 январи соли 2025
Эрон раводидро пурра лағв кардааст. Акнун навбати Тоҷикистон
Идомаи тағийроти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру навоҳӣ ва муовини якуми Рустами Эмомалӣ иваз шуданд
Дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз 15 марти соли 2025 ба кор медароянд
Дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ ҳаҷми маош аз ҳама баландтар аст?
То 300 нафар дар як ҳафта. Баъди ҳодисаи “Крокус” бозгашти муҳоҷирон тавассути фурудгоҳи Кӯлоб зиёд шудааст
Ширкати “Сомон Эйр” хатсайри Душанбе - Лондонро роҳандозӣ мекунад
Азим Иброҳим ҳадафи таъсиси Фонди роҳро дар Тоҷикистон шарҳ дод
Вазири нақлиёт гуфт, дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе “сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст”
Раиси нави Хадамоти алоқа сабаби суст будани интернетро гуфт ва ваъдаи арзон кардани нархи онро дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста