Дар доираи амалисозии Барномаи ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ, нахустин нерӯгоҳи обӣ-барқии Тоҷикистон – «Варзоб-1» пурра мавриди таҷдид қарор гирифта, аз оғози соли равон истеҳсоли нерӯи барқ дар ҳаҷмҳои навро шурӯъ кард. Нерӯгоҳи мазкур соли 1936 ба истифода дода шуда буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ШСХК «Барқи тоҷик» хабар дод, таҷдиди пурраи нерӯгоҳи «Варзоб-1» дар чаҳорчӯби созишномаи сеҷониба миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва ширкатҳои BHEL ва NPTC- Ҳиндустон сурат гирифт.
«То азнавсозии комил ҳар кадоме аз ду агрегати нерӯгоҳи «Варзоб-1» 3.72 МВт нерӯи барқ тавлид карда, пас аз таҷдид иқтидори ҳар яке аз он ба 4.75 МВт баробар шуд ва ҷиҳати корҳои таҷдиди пурраи иншооти гидроэнергитикии мазкур 23 млн. доллари ИМА маблағ масраф шуд», - гуфтанд дар ширкати «Барқи тоҷик».
Ба иттилои манбаъ, аввали ҳафтаи равон корҳои таҷдиди агрегати чоруми нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сарбанд» низ ба итмом расидааст, ки ҳанӯз соли 1963 мавриди истифода қарор гирифта буд. «Барои корҳои азнавсозии комили ин нерӯгоҳ беш аз 14 млн. доллари ИМА-и аз ҷониби Бонки осиёгии рушд ҷудогардида масраф гардид», - афзуд сарчашмаи хабар.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 январи соли 2025
Эрон раводидро пурра лағв кардааст. Акнун навбати Тоҷикистон
Идомаи тағийроти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру навоҳӣ ва муовини якуми Рустами Эмомалӣ иваз шуданд
Дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз 15 марти соли 2025 ба кор медароянд
Дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ ҳаҷми маош аз ҳама баландтар аст?
То 300 нафар дар як ҳафта. Баъди ҳодисаи “Крокус” бозгашти муҳоҷирон тавассути фурудгоҳи Кӯлоб зиёд шудааст
Ширкати “Сомон Эйр” хатсайри Душанбе - Лондонро роҳандозӣ мекунад
Азим Иброҳим ҳадафи таъсиси Фонди роҳро дар Тоҷикистон шарҳ дод
Вазири нақлиёт гуфт, дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе “сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст”
Раиси нави Хадамоти алоқа сабаби суст будани интернетро гуфт ва ваъдаи арзон кардани нархи онро дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста