Соли гузашта дар Тоҷикистон наздики 875 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, соли сипаришуда мактабҳои нав бо 17,9 ҳазор ҷойи нишаст ба кор шурӯъ намуданд. «Ҳамчунин дармонгоҳҳо барои қабули 672 бемор ва беморхонаҳо барои 195 кат ба истифода дода шуданд», - гуфтанд дар Агентӣ.
Ба иттилои манбаъ, феълан дар 65 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар асоси нақшаҳои генералӣ корҳои сохтмонӣ ба роҳ монда шудаанд. «Айни замон корҳои таҳия ва тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Панҷакент, Истиқлол (Табошар), марказҳои ноҳияҳои Дарвоз, Мӯъминобод, Темурмалик, Вахш ва Ҷиликӯл ҷараён доранд», - афзуд сарчашмаи хабар.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 январи соли 2025
Эрон раводидро пурра лағв кардааст. Акнун навбати Тоҷикистон
Идомаи тағийроти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру навоҳӣ ва муовини якуми Рустами Эмомалӣ иваз шуданд
Дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз 15 марти соли 2025 ба кор медароянд
Дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ ҳаҷми маош аз ҳама баландтар аст?
То 300 нафар дар як ҳафта. Баъди ҳодисаи “Крокус” бозгашти муҳоҷирон тавассути фурудгоҳи Кӯлоб зиёд шудааст
Ширкати “Сомон Эйр” хатсайри Душанбе - Лондонро роҳандозӣ мекунад
Азим Иброҳим ҳадафи таъсиси Фонди роҳро дар Тоҷикистон шарҳ дод
Вазири нақлиёт гуфт, дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе “сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст”
Раиси нави Хадамоти алоқа сабаби суст будани интернетро гуфт ва ваъдаи арзон кардани нархи онро дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста