Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта 5 млрд. 137,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 15,1% ё худ 674 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили ҳудуди 2 млрд. 418 млн. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 102 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 92 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.
Соли сипаришуда ҳаҷми содироти мол 1, 3 млрд. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 8,1% зиёдтар мебошад.. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 3,7 млрд. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 17,8 бештар аст.
Дар муқоиса бо соли гузашта соли равон ҳаҷми содироти маҳсулоти ғизоии тайёр ба андозаи 52%, мошину таҷҳизот – 42,6%, фулузоти арзон ва маснӯоти он – 18,9% ва маҳсулоти рустанӣ ба миқдори 8,2% коҳиш ёфт. Содироти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 2 баробар, маҳсулоти минералӣ – 2 баробар ва металлҳои қиматбаҳо ба миқдори 58% афзуд.
Дар ҳамин ҳол, соли гузашта ҳаҷми воридоти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 2,3 баробар, маҳсулоти рустанӣ – 35,8%, маҳсулоти тайёри ғизоӣ – 10% зиёд шуд.
Соли гузашта воридоти гази табиӣ аз рӯйи ҳаҷм 26,5% ва аз рӯйи арзиш 20,1% коҳиш ёфт. Тӯли соли сипаришуда ба Тоҷикистон ба маблағи 38,6 млн. $ 132,4 млн. метри мукааб газ ворид карда шуд.
Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол Русия боқӣ монда, соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – 779 млн. $, Чин – 669 млн. $, Туркия – 600 млн. $, Афғонистон – 232 млн. $ ва Эрон – 217 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 январи соли 2025
Эрон раводидро пурра лағв кардааст. Акнун навбати Тоҷикистон
Идомаи тағийроти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру навоҳӣ ва муовини якуми Рустами Эмомалӣ иваз шуданд
Дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз 15 марти соли 2025 ба кор медароянд
Дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ ҳаҷми маош аз ҳама баландтар аст?
То 300 нафар дар як ҳафта. Баъди ҳодисаи “Крокус” бозгашти муҳоҷирон тавассути фурудгоҳи Кӯлоб зиёд шудааст
Ширкати “Сомон Эйр” хатсайри Душанбе - Лондонро роҳандозӣ мекунад
Азим Иброҳим ҳадафи таъсиси Фонди роҳро дар Тоҷикистон шарҳ дод
Вазири нақлиёт гуфт, дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе “сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст”
Раиси нави Хадамоти алоқа сабаби суст будани интернетро гуфт ва ваъдаи арзон кардани нархи онро дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста