Зимни мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо сафири Британияи Кабир дар ҶТ Ҷереми Орд-Смит вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Қосимов ба сафир роҷеъ ба вазъи имрӯзаи бахши кишоварзии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, аз ҷумла зикр кард, ки агар 20 сол қабл соҳаи пахтакорӣ беш аз 70%-и заминҳои обёришавандаро ишғол мекард, феълан ин нишондиҳанда ба ҳудуди нисфи он баробар шудааст.
«Минбаъд Тоҷикистон ният дорад, ки тавассути афзоиши сатҳи даромаднокии деҳқонон бо истифода аз технологияҳои муосир, ҳархеласозии истеҳсол ва тақвияти имконоти содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳалли масъалаи таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат намояд ва аз ин рӯ, табодули таҷриба бо фермерони муваффақи Британияи Кабир мувофиқи мақсад аст», - гуфт вазир.
Дар идома зикр гардид, ки дар бахшҳои рустанипарвариву боғдорӣ ва чорводориву илми кишоварзӣ низ шароитҳои мусоиди ҳамкорӣ вуҷуд доранд.
Дар навбати худ сафири Британияи Кабир қайд кард, ки кишвараш ба раванди минбаъдаи ислоҳот ва рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон ва ҳамчунин таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорон ва фермерони ду кишвар манфиатдор аст.
Ба қавли вай, тайи солҳои ахир аз ҷониби Вазорати рушди байнулмилалии Британияи Кабир (DFID) ба ин бахш беш аз 13 млн. фунт стерлинг маблағ ҷудо гардида, минбаъд ҷалби сохторҳои тиҷоратии Британия ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус ба бахши кишоварзӣ дар назар аст.
Сафир инчунин илова намуд, ки як қатор ширкатҳои маъруфи кишвараш ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои омӯзиши имконоти роҳандозии ҳамкорӣ дар ин самт аз Тоҷикистон боздид карданианд.
Ҷамъоварӣ ва коркарди ғайриқонунии партовҳо дар шаҳри Душанбе. Кӣ ин корро мекунад ва чаро мақомот пеши роҳи онро намегиранд?
Принсипи муомила ба мисл. Тоҷикистон низ раводидро барои шаҳрвандони Эрон пурра лағв кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 феврали соли 2025
Ҳуқуқшинос, муҳандис ва вакили парлумон: Вазири нави меҳнату муҳоҷират кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2025
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста