Русия баҳри сармоягузорӣ дар ҳаҷми то 500 млн. доллари ИМА ба сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000, ки барои таъмини содироти нерӯи барқ аз минтақаи Осиёи Марказӣ ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст, омода аст.
Бино ба иттили РИА Новости бо такя ба гуфтаҳои вазири энергетикаи Русия Александр Новак, ширкатҳои Русия ба иштирок дар ин лоиҳа натанҳо ҳамчун паймонкор, балки ба сифати иштирокчии лоиҳа низ омодаанд. «Онҳо омодаанд, ки ба ин лоиҳа то 500 млн. $ ва аз ин ҳам бештар сармоягузорӣ намоянд», - зикр кардааст вай.
Қобили зикр аст, ки масофаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 750 километрро ташкил дода, арзиши умумии лоиҳа 1 млрд. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи вазири энергетикаи Русия, сотмони хатти интиқоли барқи мазкур натанҳо ба таъмини содироти барқ, балки ба беҳбуди вазъи иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаи қарз аз содироти нерӯи барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» низ мусоидат хоҳад кард. Тавре қаблан хабар дода шуда буд, қарзи мазкур ба беш аз 67 млн. доллари ИМА баробар аст.
Ҷамъоварӣ ва коркарди ғайриқонунии партовҳо дар шаҳри Душанбе. Кӣ ин корро мекунад ва чаро мақомот пеши роҳи онро намегиранд?
Принсипи муомила ба мисл. Тоҷикистон низ раводидро барои шаҳрвандони Эрон пурра лағв кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 феврали соли 2025
Ҳуқуқшинос, муҳандис ва вакили парлумон: Вазири нави меҳнату муҳоҷират кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2025
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста