Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ афзоиш меёбад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, соли гузашта 5 коргоҳ ва 5 корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ аз ҷумла: ҶДММ «Равзана пластик» ҶДММ «Стар Пласт», ҶДММ «Альфа Пет», ҶДММ «Суперпласт плюс» ва ҶММ «Суғд Пласт» ба истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ аз қабили профилҳои пластмассӣ, зарфҳои пластмассӣ, плёнкаи полиэтиленӣ, пенопористероли сохтмонӣ, сатил ва тағораҳои полиэтиленӣ, борхалтаҳои полиэтиленӣ қутиҳои пластмасӣ барои рангҳои сохтмонӣ оғоз карданд.
Ба иттилои манбаъ, таҷҳизот ва хатҳои технологӣ дар корхонаҳои мазкур насбгардида истеҳсоли Олмон, Австрия, Туркия ва Хитой буда, маҳсулоти истеҳсолии онҳо ба стандартҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва дар бозори дохилӣ рақобатпазир аст.
Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол,шумораи умумии корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ дар ҷумҳурӣ ба 14 адад расида, дар соли 2012 ба маблағи 50,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2011 19,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Шумораи умумии коргарон дар ин корхонаҳо 400 нафарро ташкил медиҳад.
Ҷамъоварӣ ва коркарди ғайриқонунии партовҳо дар шаҳри Душанбе. Кӣ ин корро мекунад ва чаро мақомот пеши роҳи онро намегиранд?
Принсипи муомила ба мисл. Тоҷикистон низ раводидро барои шаҳрвандони Эрон пурра лағв кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 феврали соли 2025
Ҳуқуқшинос, муҳандис ва вакили парлумон: Вазири нави меҳнату муҳоҷират кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2025
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста