Ахири моҳи феврали соли равон як гурӯҳи коршиносони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон ҷиҳати баррасии масоили ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бахши наклиёт ба Душанбе меоянд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Бишкек, зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов бо вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон ва ҳамчунин ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯавии масоили дуҷониба Қалиқбек Султонов дар ин хусус мувофиқа ҳосил шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти намояндагони Вазорати нақлиёту коммуникатсияи кишвари ҳамсоя бо ҳамтоҳои тоҷики худ баррасии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба мухобироти байнулмилалии автомобилӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири қирғиз ҳамчунин атрофи масъалаҳои сохтмони роҳҳои оҳану автомобилгарди таъиноти минтақавӣ, аз ҷумла пайвастшавии роҳи мошингарди Ош-Ботканд-Исфана ба роҳи мошингард то Хуҷанд ва такмили заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ дар бахши танзими фаъолияти нақлиётиву коммуникатсионӣ табодули назар сурат гирифт.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки соли 2012 ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни кишварҳо беш аз 70 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ду маротиба зиёдтар аст.