Раёсати нави фурӯши барқ (Тоҷикэнергосбыт), ки аввали моҳи июл дар ҳайаати ширкати «Барқи тоҷик» таъсис дода шуд, пурсамар ба фаъолияти худ оғоз бахшид.

Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки танҳо моҳи июли соли ҷорӣ раёсат аз истеъмолгарон 57 млн. 500 ҳазор сомонӣ маблағи истифодаи барқ ҷамъоварӣ намудааст, ки аз нишондиҳандаи моҳи июн 16 млн. 500 ҳазор сомонӣ зиёдтар мебошад.

«Дар баробари ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ, раёсат ба корҳои шарҳу таблиғотӣ миёни истеъмолгарон оид ба пардохти нерӯи барқи истифодашуда низ вусъат мебахшад», - зикр кард Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, роҳбарии раёсати нав ба зиммаи Амонулло Саъдуллоев, собиқ роҳбари «Тоҷикэнергоснаб» вогузор шудааст.

Ёдрас мекунем, ки раёсати фурӯши барқ қаблан низ вуҷуд дошт, вале соли 2010 барҳам дода шуда, акнун дар доираи бозсозии сохтори ширкати «Барқи тоҷик» дубора ба фаъолият шурӯъ намуд.

«Раёсати фурӯши барқ бо ҳамаи истеъмолгарон, аз ҷумла қарздорон низ  оид ба масъалаи пардохти маблағи пулӣ барои истифодаи барқ сарукор дошта, ҷамъоварии маблағи истеъмолгарони хориҷӣ, яъне нерӯи барқи ба хориҷи кишвар содиршаванда дар салоҳияти онҳо нест», - таъкид дошт Ёдгорӣ.

Бино ба маълумоти васоити ахбор умуми Тоҷикистон, Амонулло Саъдуллоев бародари раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода (Ҳасан Саъдуллоев) аст.