Бино ба иттилои Такшкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) аллакай муддати чор моҳ аст, ки индекси нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ ҳамоно коҳиш меёбад ва дар моҳи август ба нишондиҳандаи пасттарин бо ҳисоб аз моҳи июни соли 2012 расидааст.

Индекси нархҳо бар асоси сабади маҳсулоти ғизоии дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш гузошта ҳисоб шуда, моҳи август 201,8 бандро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо моҳи августи соли гузашта 4 банд ё худ 5,1% поинтар аст.

Коршиносони ФАО сабаби ин тамоилро ба коҳиши босуръати нархҳои ҷаҳонӣ ба зироати ғалладона ва равғану чарбуи растанӣ рабт медиҳанд. «Коҳиши босуръъати нархҳо ба пешгӯиҳои афзоиши қобили мулоҳизаи истеҳсоли зироати ғалладона дар соли равон, бахусус барқароршавии назарраси захираҳои зиhоати ғалладона марбут аст», - мегӯянд коршиносони ташкилот.

Тибқи пешгӯии ФАО оид истеҳсоли зироати ғалладлона дар ҷаҳон дар соли 2013, ҳаҷми ҳосили он бояд ҳудуди 2,5 млрд. тоннаро ташкил диҳад. Ин ҳаҷм рекордӣ буда, нисбат ба ҳаҷми истеҳсоли зироати ғалладолна дар соли 2012 ба миқдори 179 млн. тонна ё худ 7,7% бештар мебошад.