Ҳукумати Тоҷикистон аз палатаи поёнии парлумон дархост кардааст, ки ШСХ «Барқи тоҷик»-ро аз пардохти андоз ба воридоти мазут барои эҳтиёҷоти Марказу барқу гармидиҳҳии Душанбе озод намояд.

Узви Кумитаи иқтисод ва буҷети Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ Шарофиддин Сироҷов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки соли равон ба маблағи умумии 1,3 млн сомонӣ воридоти мазут ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 35 ҳазор тонна аз пардохти андози аксизӣ озод карда мешавад ва ин масъала дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ пагоҳ, 23-юми октябр баррасӣ мешавад.

Ба қавли ӯ, зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014» вакилон ният доранд, ки ШСХК «Барқи тоҷик»-ро аз пардохти ин навъи андоз озод кунанд.