Дар Бонки миллии Тоҷикистон озмун барои интихоби ширкати аудиторӣ ҷиҳати гузаронидани аудити берунии фаъолияти бонк барои соли молиявие, ки 31-уми декабри соли 2013 анҷом меёбад, идома дорад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, шарти асосии баррасии пешниҳодҳои озмунӣ мавҷуд будани иҷозатномаи ҳуқуқи роҳандозии фаъолияти аудиторӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки аудити Бонки миллии Тоҷикистон бояд мутобиқи меъёрҳои байнулмилалии аудит доир гардида, он метавонад ҳам аз ҷониби ташкилоти аудитории дар дохили кишвар сабтиномшуда ва ҳам ташкилоти хориҷии дар Тоҷикистон иҷозатнома надошта, вале дар арсаи байнулмилалӣ эътирофшуда ва бархӯрдор аз таҷрибаи ғанӣ дар ин самт гузаронида шавад.

Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 31-уми октябри соли 2013 муқаррар шудааст. Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2008, аз замони дар БМТ ҷорӣ гардидани баргузории аудити берунӣ мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ, арзёбии солона мудом аз ҷониби ширкати аудитории Қазоқистон – ТОО «КПМГ Аудит» гузаронида мешуд.