Давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон қариб 4,4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 8,1% ё худ 330 млн. доллари ИМА бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра маъмулан манфӣ ва муодили беш аз 2,7 млрд. доллари ИМА шудааст. Соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 98 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 88 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар 10 моҳи соли 2014 ҳаҷми содироти мол 812 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 3,8%  зиёдтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 3,5 млрд. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 9,1% зиёдтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар 10 моҳи соли ҷорӣ Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он беш аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – беш аз 695 млн. $ ва Чин – зиёда аз 645 млн. $-ро ташкил додааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 ҳудуди 5 млрд. 285 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 2,9% ё худ 146,7 млн. $ зиёдтар буд.