- Кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) имкони таъсиси минтақаҳои иқтисодии имтиёзнокро баррасӣ доранд, - иттилоъ додааст ба хабаргузории ТАСС котиби иҷроияи Шӯрои кории СҲШ Сергей Канавский.

«Имрӯз дар аксари кишварҳои узви СҲШ минтақаҳои озод дар ҳоли рушд қарор доранд. Дар Русия ин минтақаҳо қаламрави рушди пешрафта, дар Қазоқистон - минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар Чин - минтақаҳои савдои озод ва дар Ӯзбекистону Тоҷикистон низ номҳои хоси худро доранд. Мо ҳамаи ин номҳоро дар сатҳи Шӯрои кории СҲШ бо истилоҳи минтақаҳои иқтисодии имтиёзнок муттаҳид мекунем», - гуфтааст ӯ.

Ба қавли котиби иҷроияи Шӯрои кории СҲШ, ҳадаф аз ин иқдом дарёфти роҳу воситахои наздикшавии истеҳсолот дар доираи ин минтақаҳо аст, то ки онҳо дар низоми умумии ҳамкории мутақобила амал карда тавонанд, вале таъсиси минтақаи иқтисодии имтиёзнок алҳол барвақт аст, зеро имкони ҳамкории минтақаҳои озод дар доираи СҲШ-ро омӯхтан зарур аст», - шарҳ додааст номбурда.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар шаҳри Сиани Чин вохӯрии навбатии вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви СҲШ оғоз шуд. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода намояндагӣ мекунад.

Дар ин чорабинӣ баррасии масъалаи таъсиси минтақаҳои иқтисодии имтиёзнок дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар қаламрави Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ - «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» ба қайд гирифта шудааст.