Сатҳи омодагии фонди манзил ва иншооти хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон барои кор дар мавсими тирамоҳу зимистон қаноатбахш нест.

Бино ба маълуомти Агентии омори назди президенти ҶТ, масалан то 1 сентябр бояд 57 дегхонаҳо (котелний) аз таъмир бароварда мешуданд, аммо воқеъан ҳамагӣ 25 дехона таъмир шудааст, ки 43,9% аз нишондиҳандаҳои нақшавиро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин то оғози тирамоҳ иваз кардани ҳудуди 32 километр шабакаҳои гармӣ дар назар буд, воқеъан то 1 сентябр бошад, танҳо нисфи ин шабакаҳо - наздики 16 километр иваз карда шудааст.

Ғайр аз ин, то 1 сентябр иваз кардани 6 километр қубурҳои садамавӣ ба нақша гирифта шуда, ин нақша ҳамагӣ ба андозаи 3,3% ба иҷро расидааст, яъне иваз кардани тақрибан 200 метри ин зербино муяссар гардидааст.

Илова бар ин, нақшаи пешбинишудаи таъмири боми хонаҳо ба андозаи 73,4% ба иҷро расида, ба санаи 1 сентябр аз таъмири беш аз 2,5 ҳазор хонаҳои пешбинишуда, боми ҳудуди 1,9 ҳазор хона аз таъмир бароварда шудааст.