Ахири ҳафтаи сипаришуда раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва ноиби Президенти ширкати байналхалқии Visa International Service Association Майкл Доннелли Созишномаи ҳамкорӣ оид ба иштирок дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистонро ба имзо расониданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, аз ин баъд амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии Visa International дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ, яъне бе гузаронидани амалиёти иловагии мубодилаи асъор иҷро мегарданд.
«То ин вақт дорандагони кортҳои пардохтии Visa International ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ мешуданд. Зеро дар натиҷаи анҷом додани хариду фурӯши мол ва хизматрасонӣ байни муомилоти ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ анҷомдодашуда, ба муштариён як андоза зарари молиявӣ ба миён меовард. Ин дар навбати худ, метавонад ба боварии аҳолӣ нисбати воситаҳои муосири пардохт ва дар маҷмӯъ ба низоми бонкӣ таъсири манфӣ расонад. Аз рӯи нақшаи тарҳрезишуда ин мушкилот то охири сол ҳалли худро меёбад», - шарҳ медиҳад БМТ.
Гуфта мешавад, барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳои тибқи созишнома пешбинишуда, БМТ лоиҳаи ташкил намудани Низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистонро бо низоми пардохтии Visa International - TJNNSS (Tajikistan National Net Settlement Service) шуруъ намуда, айни замон марҳилаи аввали татбиқ намудани лоиҳаи мазкур аллакай оғоз гардидааст.
«Амалӣ намудани лоиҳаи мазкур барои зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, татбиқи воситаҳои муосири электронии пардохт, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, оммавӣ гаштани ин воситаи муосири пардохт дар байни аҳолии кишвар ва барои устувории низоми пардохти миллӣ мусоидат хоҳад намуд», - таъкид месозанд дар БМТ.
Зимнан қайд мешавад, ки минбаъд Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани хариду фурӯши мол ва хизматрасонӣ бо истифодаи кортҳои Visa International дар қаламрави ҷумҳурӣ нақши бонки ҳисоббаробаркуниро иҷро менамояд.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста