Ба ахири моҳи августи соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо дар низоми Бонкии Тоҷикистон беш аз 11,1 млрд. сомониро ташкил дода, ҳаҷми он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,8% афзуд.

Бино ба маълумоти ахири Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ин давра раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат ҳамчунин идома ёфта, 56 фоиз (6 249,5 млн. сомонӣ) - ро қарзҳои дарозмуҳлат ва 44 фоиз (4 914,9 млн. сомонӣ) –ро қарзҳои кутоҳмуддат ташкил додаанд.

Гуфта мешавад, фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар муддат бо пули миллӣ ба 23,86 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 21,66 фоизи солона баробар шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳҳои январ-августи соли равон беш аз 3,7 млрд. сомониро ташкил дода, аз ин маблағ 666,1 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд.