Пас аз гуфтушунидҳои серӯза бо мақомоти авиатсионии Русия оид ба баҳси алоқаи ҳавоӣ ҳайати Тоҷикистон ба Душанбе баргашт.
Гуфтушунидҳо рӯзи душанбе, 10 апрел оғоз гардида, баррасии масъалаи мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» ба Тоҷикистон ва дар ин робита маҳрум шудани ширкати «Сомон Эйр» аз 7 парвоз ба Маскав дар меҳвари гуфтушунид қарор дошт.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон, муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода аз шарҳи натиҷаҳои гуфтушунид ба «Азия-Плюс» худдорӣ варзид ва изҳор намуд, ки баъдтар дар сомонаи Вазорати нақлиёт доир ба ин масъала маълумот нашр хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи Вазорати нақлиёти Русия низ дар бораи гуфтушунидҳо ҳеҷ маълумоте нашр нашудааст.
Қаблан аз Вазорати нақлиёт хабар дода буданд, ки Тоҷикистон ба ҷониби Русия огоҳинома фиристода, дар он зикр гардида буд, ки агар Вазорати нақлиёти ин кишвар маҳдудиятҳои парвоз нисбати ширкати «Сомон Эйр»-ро бекор накунад, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Уралские авиалинии» ва «UTair»-ро аз Маскав ба Душанбе аз 6 апрел манъ мекунад, вале ин кор алҳол амалӣ нашуд. Зикр гардида буд, ки ба сифати посух 4 парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Душанбе ва 3 парвози ширкати «ЮТэйр» ба Хуҷанд манъ мешавад.
Сипас Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳор намуд, ки алҳол аз манъи парвози ҳавопаймоҳои ду ширкати русиягӣ аз Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд худдорӣ варзида, идораҳои нақлиёти ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил кардаанд, ки лаҳзаҳои баҳснокро сари мизи гуфтушунид ҳал мекунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.