ҶСП “Фароз” дар сомонаи расмии худ дар доираи барҳамдиҳии ширкат рӯйхати иншооти ба фурӯш гузоштаашро нашр кард.
Мувофиқи рӯйхат, “Фароз” 4 анбори нигаҳдории сӯзишворӣ ва гази моеъ, 19 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, 8 пойгоҳи автомобилӣ ва 1 мактаби тайёркунии ронандагонро мефурӯшад.
Ҳамчунин “Фароз” 9 маркази муоинаи техникии автомобилӣ ва таъмири мошинҳо, 3 корхонаи истеҳсоли бетон, шағал ва хиштро низ ба фурӯш гузоштааст.
Дар рӯйхати иншоот ҳамчунин бинои маъмурӣ дар Душанбе, 4 автогараж дар ҷумҳурӣ ва наздики 60 адад автомашинаҳои сабукрав ва боркаш дарҷ ёфтааст.
Охири ҳафтаи гузашта маълум шуд, ки ҶСП “Фароз” – яке аз ширкатҳои бузургтарини Тоҷикистон дар бораи ихтиёран барҳамдиҳиаш ба Кумитаи андоз хабар дод. Чанде қабл ширкат дар изҳороти худ оид ба тоб наовардани рақобат дар бозори фурӯши сӯзишворӣ, фурӯши амвол, рухсатии кормандон, иҷрои уҳдадориҳо хабар дод.
“Ҷамъият барои бунёд ва навсозии як қатор иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ саҳм гузошт. Бинобар сабаби зиёд гардидани хароҷоти таъминот, нигаҳдошт, хизматрасонӣ ва таъмини фаъолияти минбаъдаи онҳо, ки маблағгузории доимӣ ва зиёдро талаб мекунад, ба Ҷамъият зарари молӣ расонида шуда, имконияти таъмини минбаъдаи онҳоро мушкил гардонидааст”, - гуфта мешавад дар изҳорот.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста