Соли 2019 даромади операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон қариб 5 млн сомонӣ (беш аз 515 ҳазор доллар) кам шуд. Як сол пеш ин нишондиҳанда ба 2 млрд 414 млн сомонӣ баробар буд. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар медиҳад.
Ширкатҳои алоқаи мобилӣ соли гузашта ба маблағи 2 млрд 409 млн сомонӣ ба муштариён хизматрасонӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, даромади воҳидҳои Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ баръакс, қариб чоряк андоза афзуд: аз 216 млн сомонӣ дар соли 2018 то ба 267 млн сомонӣ дар соли 2019.
Чанде қабл раиси Кумтаи андози кишвар Нусратулло Давлатзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозро дар соли гузашта ба фаъолияти ширкатҳои мобилӣ вобаста медонад.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2019 нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар кишвар 3,9% камтар ба иҷро расид.
Раиси Кумита қайд кард, ки ба буҷет аз маблағи пешбинишуда 516 млн сомонӣ (зиёда аз 53 млн доллар) камтар маблағ ворид шудааст.
Вай афзуд, ки 432 млн сомонии ин маблағ аз ҳисоби ширкатҳои мобилӣ гирифта нашудааст.
“Аз соли 2015 ширкатҳои мобилӣ тадриҷан аз хизматрасонии овозӣ (гуфтугӯ бо телефон) ба дигар навъҳои муосири хизматрасонӣ мегузаранд, ки дар қонунгузории Тоҷикистон то ҳол танзим нашудааст. Имрӯз ҳама хизматрасониҳо тариқи интернет ба иҷро мерасанд ва мо дар ҳаҷми начандон зиёд андоз меситонем”, - гила кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон коҳиши даромади ширкатҳои мобилиро ба андозбандии баланд дар кишвар, ҷорӣ сохтани Маркази ягонаи коммутатсионӣ ва дигар монеаҳо марбут медонанд, ки даҳсолаи охир аз ҷониби давлат пеши роҳи онҳо гузошта шуд.
Дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон 4 ширкати зерин мавқеи асосӣ доранд: ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline).
Тибқи маълумоти Хадамот, шумори муштариёни алоқаи мобилии Тоҷикистон айни замон беш аз 6,1 млн нафарро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 4,8 млн нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.
Шумори корбарони шабакаи интернет ҳамроҳ бо интернети мобилӣ зиёда аз 3,2 млн нафар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста